Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Мастона Эргашева то заминларзаи соли 2015

Имрӯз шахсони зерин зодрӯз доранд:

Мастона ЭРГАШЕВА (1952), 70-солагии зодрӯзи сароянда, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Ҷамолиддин АҲМАДОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор, академик.

Геннадий ОРТИҚОВ (1942-2004), 80-солагии зодрӯзи коргардон ва наворбардори кино, Ходими шоистаи Тоҷикистон.

Баҳои баланд ба аввалин оҳанги Мастона Эргашева

Мастона Эргашева 26-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада, аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ бо овозхониву рубобнавозӣ машғул шудааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова “Агар ёри ситамгорӣ” аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт. Мастона Эргашева ба ҳайси сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳоло дар вазифаи омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.

Имрӯзи таърих:

— 26-уми октябр австриягиҳо Рӯзи миллии Ҷумҳурии Австрияро қайд мекунанд. Таърихи ид бо аз хоки Австрия баровардани қӯшунҳои хориҷӣ ва ба хотираи эълон шудани бетарафии доимӣ дар соли 1955 алоқаманд аст.

Қӯшунҳои истилогари иттифоқчиён баъди ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон дар давоми 10 сол дар мавзеҳои Австрия ҷойгир буданд. Дар соли 1943 дар маҷлиси машваратӣ дар Москва роҳбарони Иттифоқи Советӣ, Англия ва ИМА нияти аз нав барқарор намудани Австрияро ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр ва демократӣ эълон карданд.

То соли 1948, вақте ки Югославия аз блоки советӣ хориҷ карда шуд, Москва даъвои Югославияро ба қисми сарҳадии мавзеҳои Австрия дастгирӣ мекард. Аммо дар моҳи марти соли 1955 Кремл мавқеи худро тағйир дода, ҳукумати Австрияро таклиф кард, ки барои муайян кардани шартҳои бастани Шартномаи давлатӣ, ки аллакай 15-уми май соли 1955 дар Вена дар вазъияти хурсандии бузург имзо шуда буд, ба Москва ҳайати вакилони худро фиристад.

Шартномаи давлатӣ истиқлолият ва сохибихтиёрии комили Австрияро барқарор намуд. Он аз 27-уми июли соли 1955 эътибор пайдо кард, ки баъд аз он қӯшунҳои иттифоқчиён аз мамлакат бароварда шуданд.

Дар худи ҳамон сол, 26-уми октябр, баъд аз баровардани қисмҳои охирини ҳарбии хориҷӣ ҳукумат қонуни конститутсионии федералиро тасдиқ кард, ки дар он бетарафии доимии Австрия эълон карда шуда, имконияти ба ҳар як иттифоқи ҳарбӣ дохил шудан ва ё дар Австрия барпо намудани базаҳои ҳарбии хориҷӣ истисно карда мешавад.

67 сол муқаддам дар мавзеҳои Ветнами Ҷанубӣ бо пойтахти Сайгон Ҷумҳурии Ветнам барпо карда шуда буд. Пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон Ветнам мустамликаи Фаронса буд, вале баъди ба охир расидани он 2-юми сентябри соли 1945 коммунистон бо сардории Хо Ши Мин дар тамоми мавзеҳои Ветнам Ҷумҳурии Демократии Ветнамро эълон карданд.

Аммо Фаронса бо роҳбарияти давлати худмухтор забони умумӣ наёфта, мехост, ки ҳарчи бештар минтақаҳои Ветнамро аз нав ба даст оварад ва ба муқобили Ветнам ҷанг cap кард.

26-уми октябри соли 1955 дар минтақаҳои Ветнами Ҷанубӣ бо пойтахти Сайгон Ҷумҳурии Ветнам ташкил карда шуд.

— Суқути Boeing 737 дар наздикии Ҳуалиен як фалокати бузурги авиатсиониест, ки 26-уми октябри соли 1989 рух дод. Ҳавопаймои Boeing 737-209-и ширкати ҳавопаймоии China Airlines, ки парвози дохилии CI 204 дар масири Ҳуалиен-Тайбэй анҷом медод, 10 дақиқа пас аз парвоз ба куҳи Чиашан суқут кард. 54 нафар, ки дар ҳавопаймо буданд, 47 мусофир ва 7 аъзои экипаж ба ҳалокат расида буданд.

— Заминларзаи Ҳиндукуш як заминларзаи шиддаташ 7,5 балл аст, ки 26-уми октябри соли 2015 дар Осиёи Ҷанубӣ бо маркази зилзила дар 45 км шимолтар аз Алакандари-йе Киран ва Мунҷон дар Афғонистон ба амал омад.

Тибқи гузоришҳои ахир, бештар аз 370 нафар, асосан дар Покистон кушта шудаанд. Дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, дар Уфа (Русия, Бошқирдистон), дар шаҳрҳои Деҳлии Нав, Сринагари Ҳинд ва дар префектураҳои Қашғар, Оқсу, Хотан, Қизилсу ва дар вилояти Суғд низ заминларза эҳсос шудааст. Ба Шинҷон (Хитой) ва пойтахти Афғонистон — Кобул низ хисороти калон расонида шудааст.

Охирин заминларзаи шадид дар ин минтақа тақрибан 10 сол пеш, дар моҳи октябри соли 2005 рух дода, 87 ҳазору 351 нафарро кушта, 75 ҳазору 266 нафарро захмӣ карда, 2 миллиону 800 ҳазор нафар мақоми гуреза гирифтаанд ва беш аз 250 ҳазор ҷонвар кушта шудаанд. Тафовути назаррас байни ин заминларза ва заминларзаи соли 2005 умқи фаъолияти сейсмикӣ мебошад. Соли 2005 заминларза дар умқи 15 км, заминларзаи соли 2015 дар умқи 212,5 км рух дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *