Таҳкими қудрати мудофиавӣ дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар рафти чорабинӣ роҳбарияти вазорат ва масъулини мақомоти ноҳияи Данғара бо иштирокчиёни ҷамъомад аз наздик мулоқот анҷом дода, ҳадаф ва аҳамияти баргузории машқҳоро тавзеҳ доданд.

Чорабинӣ пеш аз ҳама бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ситоди мудофиаи ҳудудии ноҳия, истифодаи самараноки захираҳои сафарбарии таъйингардида ва татбиқи нақшаҳои ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба қисмҳои низомӣ роҳандозӣ гардид.

Ҳамзамон, дар доираи ин ҷамъомад ҳолати техникии воситаҳои нақлиётии хоҷагии халқ, имкониятҳои истифодаи онҳо дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда ва саҳмгузории қувваҳои эҳтиётӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Бо ибтикори Вазорати мудофиа, як қатор падару модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати намунавӣ доранд, бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабинии мазкур дар заминаи тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандон доир гардида, аҳамияти амалӣ ва тарбиявии муҳим дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *