вазир

Таҳсили тоҷикон дар донишгоҳҳои Корея идома меёбад

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намудааст.

Зикр шудааст, ки дар оянда ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти истифодаи тухмиҳои хушсифат, техникаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи кореягӣ, таҳсили донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, омӯзиши мутахассисон ба роҳ монда мешавад.

Сафири фалқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи лоиҳаҳо ҳавасмандии Ҷумҳурии Кореяро иброз намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *