Тағйироти кадрӣ дар ВКД. Ном ба ном

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, имрӯз, 17-уми август дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсони зерин ба вазифа таъин гардиданд:
генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
полковники милитсия Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;


полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон;
полковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сангвор;
полковники милитсия Шарифзода Қиёмиддин Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
полковник Абдулҳайзода Шодмон Убайдулло ба вазифаи командири баталиёни таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3505) Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
подполковники милитсия Асрори Искандар Карим ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиёт будаи вилояти Суғд;
майори милитсия Шамсулозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе
подполковники милитсия Мирзозода Рамазон Бозоралӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб;
майор Сафаралиев Мирзоалӣ Шералиевич ба вазифаи командири баталиёни алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3504) Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
майори милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон.

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ин ниҳоди давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *