Тақдими панҷ озмоишгоҳи сайёр ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи ташхиси сайёри COVID-19 маросими супоридани панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, маросими мазкур бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолик Амирзода доир гардидааст.

— Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи грантӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи ташхиси мобилии COVID-19, ки 8-уми октябри соли 2021 ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳа озмоишгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ бо дараҷаи бехатарии биологӣ, инчунин системаҳои тестӣ барои ташкили корҳо оид ба ташхиси COVID-19 харидорӣ карда шудаанд. Дар татбиқи лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вазифаҳои гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба зиммаи Фонди Русия «СПИД Инфосвязь» гузошта шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *