Тафсилот аз ду мулоқот дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав

14-уми март вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир нахуст вазири маориф, илм ва навоварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар иттилоъ дод.

Дар суҳбат бо вазир мавзуҳои мубрами соҳаҳои мавриди масъулият ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои навоварӣ, зеҳни сунъӣ, навпо ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии соҳаи навоварии ҳарду кишвар баён кардаанд.

Дар мулоқот бо сафир ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самтҳои афзалиятноки саноат, фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар лоиҳаҳои марбут ба саноатикунонии босуръати кишварро баррасӣ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *