Таъиноти кадрӣ. Раисони суду судяҳои навтаъин киҳоянд?

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин карда шудааст. Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод гардида, судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шудааст. Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси Суди шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси Суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи Суди шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи Суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи Суди шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шудааст. Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси Суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси Суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шудааст. Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси Суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шудааст. Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шудааст.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас додааст.

Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб кардааст, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз карда шудаанд.

Сардори давлат таъкид кардааст, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.

Ҳамчунин дар ҳайати фармондеҳии як қатор ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварда шудааст.

Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморида, мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.

“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”,- таъкид доштааст Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *