Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хатлон: кишоварзон аз барф зарар диданд, аммо…

Боридани ногаҳонии бошиддати барф, рӯзи 9 апрели соли равон, деҳқонони вилояти Хатлонро ба ташвиш овард. Бештари онҳо аз таъсири барф ва сардӣ ба зироати кишткардаашон нигаронанд.

Афзалшо, сокини ноҳияи Вахш мегӯяд,  боришоти бошиддати барф киштзорҳои моро бетаъсир намондааст. Таъсири ин барф қариб ба ҳамаи зироат расидааст. Ҳоло барои дубора кишт кардани полезӣ ва сабзавот заминҳоро омода мекунем. Барои ин кор тавсияи мутахассисонро низ гирифтаем,-афзуд вай. “Аммо киро кардани як техника ва гузаронидани кишти такрорӣ барои мо хоҷагидорон мушкил аст. Харидории тухми ва ҷалби қувваи корӣ низ бе харҷи маблағ намешавад. Агар сардӣ ба зироати мо таъсири манфӣ карда бошад, маҷбурем ба ҳар қимате бошад кишти дубораи зироатро гузаронем. Боридани барф дар фасли баҳор  ва онҳам бошиддат ин як офати табиӣ аст, ки хоҳ нохоҳ таъсиррасон мебошад”.

Инҳам дар ҳолест, ки Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯяд аз бориши бошиддати барф ба зироат ва боғу токзори кишоварзон зарари ҷиддие нарасидааст. Ҳаво ба он дараҷае сард нашуд, ки ба киштзорҳо таъсиррасон бошад.

—То ҳол аз ягон шаҳру ноҳия санади зарардидаи зироат аз сардӣ ба мо наомадааст. Мо бо ҳамроҳии раиси вилоят ба чор ноҳияи сафар кардем. Бо масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раёсатҳои кишоварзӣ аз наздик суҳбат кардем, ягон нафар аз хунук задани зироати деҳқонон шикоят накарданд. Агар ҳаво якбора гарм ва ё шабона аз “0” поин мешуд, дар он сурат мумкин ба зироат ва боғӯ токзор таъсири манфӣ мерасид.

Аммо Далер Сатторов, кишоварз аз ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, дар ҳар сурат боридани барфи ногаҳонӣ дар фасли баҳор ба мо деҳқонон зарар овард. Фаровонҳосилии полезиҳо, боғҳо ва дарахтони ситрусӣ зери суол аст.

—Мо дар ҳавои гарм полезиро дар зери плёнка кишт кардем. Зеро ин навъи зироат бисёр нозук аст ва парваришаш хусусиятҳои хоси худро дорад. Бо боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ин навъи зироат бештар зарар дидааст. Бо мусоид шудани боду ҳаво полезиро дубора кишт мекунем. Резиши барф ба полезии деҳқонон ва боғҳо низ бетаъсир набуд. Шохаҳои дарахтони боғҳо шикаста,  кӯчати помидор ва бодиринг ҳам осеб диданд.   

Сафаралӣ Мирзоев, сардори Маркази обу ҳавосанҷии вилояти Хатлон мегӯяд, чунин барф дар фасли баҳор 26 сол пеш, яъне ҳанӯз моҳи апрели соли 1994 борида буд.                                                                                                                                                                                   Машраби Аловиддин

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.