Интихоботи Тоҷикистонро киҳо назорат мекунанд? (ном ба ном)

Ба гуруҳи байналмилалии 10 – нафараи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБ) — и ИДМ Олег Мелниченко, ҳамоҳангсози гуруҳ, раиси Кумитаи сохтори федеративӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва умури Шимоли Шӯрои федератсияи Маҷлиси федераалии Федератсияи Русия ва Дмитрий Кобитский, котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ раҳбарӣ мекунанд.

Дар ин гуруҳ Талгат Мусабаев, узви Кумитаи равобити байнулмилалӣ, дифоъ ва амнияти Сенати парлумони Қазоқистон, Тарас Хитуов, узви Кумитаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минтақавии Маҷлиси парлумони Қазоқистон, Казбек Тайсаев, муовини раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия, Фармон Тошев, узви Кумитаи масоили судиву ҳуқуқӣ ва мубориза бо коррупсияи Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, Хайрилло Гаппоров, узви Кумитаи мубориза бо коррупсия ва масоили судиву ҳуқуқии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, Айдин Ҷафаров Мамед оглу, намояндаи соҳибихтиёри Милли Маҷлиси Озарбойҷон дар АБ ИДМ, Виктор Когут, намояндаи соҳибихтиёри Маҷлиси миллии Белорус дар АБ ИДМ ва Иван Мушкет, директори Институти байнулмилалии мониторинги рушди демократияи АБ ИДМ низ шомил мебошанд.

Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 27 марти соли 1992 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз сӯи раҳбарони парлумони Арменистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *