Маъруфтарин табиби тоҷик Раҳимҷон Ҳошимов даргузашт

Табиби маъруфи тоҷик Раҳимҷон Хошимов дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора писари ӯ Фурқатҷон Ҳошимов дар Фейсбук хабар додааст.

Қайд карда мешавад, ки Ҳошимов дар синни 74 -солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи писараш, табиб бар асари бемории кӯтоҳе фавтидааст.

Аммо, аз сабаби марг то ба ҳанӯз хабар дода нашудааст. Рӯзи 5 август бо Ҳошимов дар масҷиди Нури исломи шаҳри Хуҷанд маросими видоъ  доир гардид. Дар давоми умри худ Раҳимҷон Ҳошимов садҳо шогирд тарбия карда, ҳазорҳо беморонро шифо бахшид.

Аммо бо ҳамон мисраи Шайх-ул-раис: Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал…ки ифшои ин рӯзгори пур аз муаммост, саромади кори табиби ҳозиқ рӯ ба фасли хазон кашид.

Табиби ҳозиқ адои ҳаҷ карда, хонаи Худоро зиёрат намудааст.
Аз даргузашти ин шахси фидоии касби хеш шогирдон, донишҷӯён ва дӯстон ба оилаи марҳум изҳори ҳамдардӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *