Набарди Абдурозиқ бо Хасбулло. Овоза ва ҳақиқати ҷудошавии Барон аз оилааш дар суҳбати ӯ

Барон рэпер ва продюсери блогер ва овозхони майдаҷуссаи тоҷик Абдурозиқ дар саҳифаи Инстаграми худ дар бораи ҳамкорӣ бо Абдурозиқ, набарди Абдурозиқ бо Хасбулло ва овозаҳо пушти ҷудошавӣ аз оилааш гуфт.

Абдурозиқи 18-сола, блогер ва овозхони тоҷик, ки бо ҷусаи хурди худ аллакай дар дунё маъруфият дорад танҳо ба Дубай сафар кардааст ва саросадоҳо дар мавриди ҷудо шуданаш аз Барон – рэпери тоҷик, ки ӯро менеҷерӣ мекунад, пайдо шуд.

Рэпери машҳури тоҷик Барон дар “сториз”-и худ ин овозаро рад карда, гуфт: “Мо бо Абдурозиқ ҷудо нашудаем, балки бо Аморати Муттаҳидаи Араб шартномаи ҳамкорӣ дорем ва сари ҳар чанд вақт бояд ба Дубай сафар кунем. Аз сабабе, ки ман дар вилояти Суғд консерт доштам Абдурозиқро танҳо равон кардам ва насиб бошад рӯзҳои наздик наздаш меравам”.

Ҳамчунин, аз рэпер масъалаи набарди Абдурозиқро бо Хасбулло пурсиданд ва ӯ ҷавоб дод, ки то ҳол қадами ҷиддӣ дар ин бобат аз ягон тараф гузошта нашудааст, балки ҳама оромист ва ҳама овозаҳое, ки гӯё мо ин набардро аллакай фурӯхтем, дурӯғанд.

Саволи дигаре, ки обуначиҳои Барон аз ӯ пурсиданд ин овозаҳо дар бобати ҷудошавӣ аз оилааш аст. Рэпер ин овозаро рад кард ва гуфт, ки намедонам ин гуна сару садоҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва инро ҳатто модарам ҳам ишора кардаанд, вале ман қасам мехӯрам, ки оилаамро вайрон накардаам ва ба ҷуз занам бо каси дигар никоҳ набастаам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *