Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълон шуд (видео)
Имрӯз, 14-уми январ дар ҷаласаи мутантан сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон дипломи “Вазири сол-2019”- ро тақдим намуд.
Тақдими диплом дар заминаи пурсиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки хонандагон вазири фарҳангро назар ба дигар вазирони кишвар дастрастарин мансабдор унвон карданд, сурат гирифт. Дар қатори вазири фарҳанг 10 чеҳраи дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар бахшҳои муҳим муваффақ ҳисоб мешаванд, чеҳраи сол эътироф карданд. Аз соҳибкор то вакилу вазир ва раиси солро хонандагони “Тоҷикистон” муайян карданд.
Тавре нашрияи “Тоҷикистон” дар такя ба андешаи мардум менависад: “Шаҳрвандони кишвар моҳҳо пушти дари вазирон навбат меистанд, ки ба қабули онҳо шарафёб гарданд, вале вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аз ин шумул инсонҳо нест. Ӯро метавон дар кӯчаву бозор ва ё роҳрави вазорат вохӯрд ва бенавбат ба дидораш расид. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ корафтодагон метавонанд муддаояшонро ба вазир гӯянд. Орумбекзода дар рӯзи иду ҷашнҳо бевосита ба хонаи ҳунармандони калонсол рафта, онҳоро аёдат мекунад, дар мавлуду шабҳои эҷодиашон ширкат варзида, табрик мегӯяд. Умуман, ӯ вазири фурӯтан, мардумӣ, дастрас ва ҳалолкор аст”. Дар идома нашрия менависад, ки вазир дар Душанбе хонаи шахсӣ надорад ва дар бинои ҳукуматӣ иқомат мекунад. Бинобар ин, аксари респондентон Орумбекзодаро вазири сол интихоб карданд.
Диплом ва туҳфаҳои дигарро ҳафтаномаи “Тоҷикистон” давоми ҳафта ба ғолибон мерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ