Сироҷиддин Икромӣ дар солҳои 2020-2021 масъулияти иловагӣ дорад

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” солҳои 2020-2021 дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарӣ мекунад. Ин тасмим дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки охири моҳи гузашта бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» Федератсияи Россия онлайн баргузор шуд, гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» Федератсияи Россия тариқи онлайн баргузор шуд, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнибонкӣ матраҳ гардиданд. Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ намуд.

Тавре ки аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзои ин созмон санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла харитаи роҳ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Созмон, равишҳои муштарак оид ба масъалаи истифодаи асъори миллӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуданд.

Баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ»-и Федератсияи Россия Игор Шувалов ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020 ва 2021 супорида шуд. Тибқи тартиботи кории СҲШ ҳар як кишвари аъзо аз рӯи тартиби алифбои русӣ ҳар сол роҳбарии Созмонро ба уҳда дорад, ки дар баробари ин сохторҳои соҳавиаш, аз ҷумла бонкҳо дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ раисӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *