Тақдири кормандони “Сомон Эйр”, “Тоҷик Эйр” ва Фурудгоҳи Душанбе чӣ мешавад?

Ба директори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Исматулло Абдуллозода,

Ба директори генералии Ширкати «Тоҷик  Эйр» Дилшод Исматуллозода,

Ба директори генералии Ширкати “Сомон Эйр Томас Халлам

Бо хурӯҷи пандемияи коронавирус – СOVID — 19 нахустин шуда Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ширкатҳои «Тоҷик Эйр” ва  “Сомон Эйр” қисми зиёди кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристоданд. Бо вуҷуди он ки кормандони бе манбаи даромад монда, борҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО шикоят карданд, касе ба доди онҳо нарасид.

Чунин шикоятҳо ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳам ворид шудааст. Худкушии корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ба гуфти манобеъ (бо вуҷуди он ки роҳбарияти ин коргоҳ инкор мекунанд), бо сабаби нагирифтани маош сар задааст.

“Тоҷикистон” ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад. Бинобар ин, аз шумо? масъулини муҳтарам хоҳиш дорем, ки ба суолҳои зер посухи мушаххас ирсол кунед:

  1. Бо хурӯҷи пандемияи коронавирус чанд фоизи кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристодед?
  2. Чанд моҳ аст, ки маоши онҳоро пардохт намекунед?
  3.  Кай кормандони шумо ба реҷаи муқаррарии корӣ бармегарданд?
  4.  Дар давоми бекор будани кормандон оё боре ба онҳо кумак расондед?
  5. Тақдири минбаъдаи онҳо чӣ мешавад?

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *