Зуҳрои фолбину ҷодугар дастгир шуд (видео)

Кормандони милитсия Зуҳро Абдуллоева, сокини шаҳри Душанберо дар манзили истиқоматиаш ҳангоми машғул шудан ба  сеҳру ҷоду дастгир карданд.

“Кормандони милитсияи пойтахт зимни амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Абдуллоева Зуҳро Иброҳимовна, соли таваллудаш 1972 истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кучаи Н. Ҳувайдуллоев ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст”,-иттилох мадиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


тибқи иттилои манбаъ, Зуҳро Абдуллоева худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст. Ҳангоми азназаргузаронии манзилди истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

“Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд”, -мегӯяд маркази матбуоти РВКД дар Душанбе.
  Нисбати Зуҳро Абдуллоева барои чунин амалаш протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *