Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Камбағалӣ шармандагист! (қисми дуюм)

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” вазъи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, омилҳои қатъи фаъолияти  соҳибкорон, раҳоӣ аз камбизотӣ,  иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Шубҳа ба омор

-Шумо дар суҳбатҳои қаблие, ки чанд сол пеш доштем, аз  кунд рушд кардани иқтисоди Тоҷикистон, фаъолият накардани корхонаҳои азими саноатӣ, ки дар замони шӯравӣ кор мекарданду ҳазорон ҷойи кор доштанд, изҳори нигаронӣ мекардед. Ҳоло вазъ тағйир кардааст?

-Ман он замон ва имрӯз ҳам аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон нигаронӣ дорам. Албатта, мо суръати баланди рушд дорем, мувофиқи омори расмӣ,дар муқоиса ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баландтар аст. Аз соли 2005 инҷониб суръати миёнаи рушд 6,5-6,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ҳам баъзе шубҳаҳо вуҷуд дорад. Мутаассифона, дар ин бора якчанд маротиба тавассути ВАО суҳбат доштам, вале ниҳодҳои марбут ба омори Тоҷикистон дар ин хусус ҳарфе нагуфтанд. Фақат хонуме аз ниҳоди омори Тоҷикистон гуфт, ки Умаров намедонад, ки индекси умумии андухт ба 24,9 фоиз расидааст. Аммо ин танҳо як сол буд. Ҳамон соле, ки суръати рушди иқтисоди кишвар баробар ба 3,9 фоиз буд. Яъне, 3,9 ба ҳамин 24 фоиз мувофиқат мекард. Вақте ки мо дар бораи 7-8 фоиз гап мезанем, бояд индекси андухт ба 32-36 фоиз баробар шавад. Ин як василаи ҳисоби дуруст дар омор мебошад. Мутаассифона, ба ин масъала ҳам, олимони иқтисод, созмонҳои расмӣ ва омор хеле кам эътибор медиҳанд. Ҳатто бисёриҳо намедонанд, ки чунин тарзи  тафтиши дуруст вуҷуд дорад.

Кӣ салоҳият ба тафтиши инро дорад?

-Ҳукумати Тоҷикистон.  Бояд пурсад, ки чаро индекси умумии андухт ба суръати рушд мутобиқат намекунад. Масалан, як замоне Чин суръати баланди рушд дошт: аз 11 то 14 фоиз. Индекси умумии андухт дар ин давлат  аз 42 то 46 фоиз расида буд. Индексро таҳти шубҳа гузоштан мумкин нест. Ин як ҳақиқати мутлақ аст.

-Умуман, вазъи иқтисоди Тоҷикистон  дар шароите, ки  имрӯз дорем,  чӣ гуна аст?

-Суръати рушд баланд, аммо сифати рушд паст аст. Паст будани сифати рушдро мо дар чӣ мебинем? Пеш аз ҳама, дар паст будани сатҳи зиндагии мардум.  Ман ба шумо доир ба ҳолати иқтисод аз соли 2005 ин тараф ҳарф задам. Агар тамоми механизм барои рушд дар ин давра то ин замон барои беҳбудии зиндагии инсон равона мешуд, ҳозир мо тамомон шароити дигари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медоштем.

-Чӣ тавр?

— Шумораи муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ бамаротиб кам мешуд. 1,5 миллион не, эҳтимол ба 200 ҳазор нафар мерасид. Зиндагии мардум, симои рустоҳо комилан дигар мешуд. Сатҳи соҳаҳои фарҳанг, илму маориф даҳҳо  маротиба баландтар мешуд. Сифати паст дар чӣ инъикоси худро меёбад? Имрӯз табақаи сарватманд боз сарватмандтар шуда истодааст. Табақаи камбизоат бошад,  боз камбизоаттар. Мутаассифона,ҳоло мо  дар бораи камбизотӣ камтар ҳарф мезанем. Баъди барномаи сеюм дар ин бора гӯё дигар фаромӯш кардаем. Фақат чанд сол пеш мегуфтанд, ки сатҳи камбизоатиро бояд ба 17,5 фоиз мефаровардем. Ҳарчанд дар Тоҷикистон Стратегияи паст кардани сатҳзи камбизотӣ қабул шудааст, аммо ҳоло чунин барнома амал намекунад. 

Камбизоатӣ шармандагист

-Ҳоло тамоми ниҳодҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ талош доранд, ки сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад.  Оё камбизотӣҳам меъёри муайян дорад?

-Меъёр 0 фоиз аст. Камбизоатӣ бояд тамоман набошад. Камбизоатӣ ин як шармандагист. Шумо як маротиба ба рустоҳои атрофи Душанбе равед, мебинед, ки  онҳо чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд, дар куҷо кор мекунанд, ё кор намекунанд, барои чӣ кор намекунанд, таркиби истеъмоли онҳо чӣ гуна аст,  он гоҳ худ қазоват хоҳед кард. Инчунин, ба  деҳаҳои дурдасти кишвар ҳам равед, шоҳид мешавед, ки мардум чӣ тарз умр мегузаронанд. Дар Тоҷикистон то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки гӯштро дар зиёфату тӯйҳо мебинанд.  Дар хонаашон гӯшт намехӯранд, зеро  даромади хеле паст мегиранд.

-Роҳи асосии аз камбизотӣ раҳо ёфтан чӣ аст?

— Пеш аз ҳама, ба шуғли сазовор таъмин намудани аҳолӣ аст. Яъне, ба даст овардани  даромади сазовор аст.  Вақте ки музди корро мегиред, бояд бо як эҳсосоти гарм ҷониби хонаатон раҳсипор шавед,  муздро дар  рӯи мизи хона гузоред ва  хонуматон, фарзандону наберагон бинанд, онҳо низ ифтихор кунанд. Аммо бо ин музди 100-150 доллар дар як моҳ чӣ харидаву хӯрдан мумкин аст?Ман мехоҳам, ки ба соҳибмансабон, аз ҷумла, вазирон 150 доллар музд дода шавад. Бубинанд,ки бо ин маблағ чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Ба шарте ки сармояи қаблан ҷамъкардаи худро истифода набаранд.

Нигаронӣ аз фаъолияти мақомоти андоз

-Соли 2020  ҳаҷми даромади буҷети Тоҷикистон 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ, яъне ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ин рақам ҳар сол рӯ ба афзоиш дорад. Аммо дар ҷамъбасти сол мушоҳида мешавад, на ҳама ниҳодҳои дахлдори таъмини буҷет нақшаро иҷро мекунанд. Ин боиси нигаронии Президенти кишвар ҳам мегардад.Тарҳи буҷет аз ҷониби кадом сохтор ва чӣ гуна барномарезӣ мешавад?

-Дар тамоми давлатҳои имрӯзаи рӯ ба тараққӣ беш аз 60 фоизи буҷет аз ҳисоби сектори хусусӣ таъмин мешавад. Ба андешаи ман, бояд як ислоҳоҳоти ҷиддиро дар низоми андозбандии кишвар пиёда созем. Фаъолияти Кумитаи андози Тоҷикистон чандон қаноатбахш нест. Бояд амалия ва таркиби  ин ниҳод, рафтори онҳое,  ки дар ин ҷо кор мекунанд, қатъиян дигар карда шавад. Асоси ин ислоҳот чӣ аст? Ҳоло мақомоти андоз яке аз вазифаҳои худ маҳрум шудааст. Ин ҳавасмандгардонӣ дар рушди иқтисод аст.  Ҳамин чиз нест. Шахсияти худи инспекторҳо ҳам дар китобҳои дарсие, ки мо мехондем, комилан мувофиқ нест. Алайҳи он аст. Инспектори андоз, пеш аз ҳама, маслиҳатчӣ ва роҳнамо дар ҳамон корхона ё ширкате бошад, ки ба ӯ вобаста карда шудааст. Аммо имрӯз инспектори андоз ба як шахси тарсонанда табдил ёфтааст. Вақте ки вай вориди ширкат ё корхонае мешавад, аз директор то фаррош дар тарсу ҳаросанд. Оҳ, налогчӣ ё андозчӣ омадааст, мегӯянд. Инспектори андоз баробари вориди корхона шудан, на салому алейки дуруст дорад, на як муносибати инсонӣ. Ба ҳама мисли як ҷинояткор муносибат мекунад. Гӯё шахсе аст, ки бо ин амалаш адолатро бароҳ мемонад. Ниҳоят, оқибати ин чӣ мешавад, худатон медонед.

-Пас, инспектори ҳақиқӣ кист ва бояд кадом хислатро доро бошад?

-Инспектори андоз қобилият дошта бошад, ки фаъолияти истеҳсолии корхонаро таҳлил карда тавонад. Чунин инспекторҳо аҳён-аҳён вомехӯранд. Вай бояд дар ҷаласаҳои истеҳсолии ба ӯ вобасташуда иштирок намояд, сухан гӯяд, захираҳои истифоданашударо гуфта тавонад. Роҳнамо ва бурдубохти корхонаро таҳлилнамояд. Он гоҳ ҳам буҷаи  давлат пур мешаваду ҳам фоидаи корхона афзун мегардад. Баъдан, корхона имконият пайдо менамояд, ки такрористеҳсолиро ба роҳ монад. Ҳоло мувофиқи ҳисобу китобҳо 85 фоизи фоидаи корхонаҳои давлативу хусусӣ ба андоз табдил меёбад. Ин нишондиҳандаи хеле манфӣ аст. Бояд дар доираи 35-40 фоиз бошад.

-Чаро ин тавр аст?

-Зеро аз чор тараф чунон ба сармоягузор, соҳибкор ҳуҷум кардаанд,ки ӯ наметавонад имкониятҳои дохилии истеҳсотро амалӣ созад. Бубинед, Президенти кишвар пайваста ба мақомоти тафтишгар мегӯяд, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии  корхонаҳо камтар дахолат кунед. Аммо тафтишгарон ба ҷои кам зиёд шудаанд.  Вақти он расидааст, ки ҳавасмандиро нисбат ба  соҳибкор бештар кард. Бухгалтерияи сиёҳро аз байн бурдан лозим аст. Ҳоло даромади легалӣ ва ғайрилегалӣ мавҷуд аст. Онҳое, ки бо   корхонаҳо сарукор доранд, бухгалтерияи сиёҳро рӯйпӯш мекунанд. Масалан,  намояндаи Санэпидеминстансия ба корхона барои санҷиш меояд,ҳаққи худро мегираду меравад. Магар ин аз ҳисоби даромади корхона нест? Назоратчии минтақавӣ меояд, як дӯғ мезанад, ҳаққи худро мегирад ё дар ошхонаи корхона хӯрок мехурад. Магар ин ба корхона касодӣ намеорад? Инспектори андоз меояд, боз ҳамин ҳолат рух медиҳад. Вақти он расидааст, ки як фармони Президент содир шавад ва ин ашхос санҷида шаванд, ки чӣ гуна хонаву мошин доранд, дар куҷо хӯрок мехӯранд ва фарзандони онҳо дар куҷо мехонанд.

-То куҷо эълони навбатии моротория ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ  ба ин ҳам камбудиҳо нуқта гузошт?

-Президенти кишвар дуруст мегӯяд, аммо бештари супоришҳо аз тарафи ниҳодҳои иҷрочӣамалӣ намешаванд. Ҳоло дар корхонаву ширкатҳо тарс вуҷуд дорад. Масалан, агар намояндаи мақомоти андоз ё ҳифзи ҳуқуқ ба корхона ворид шавад, ӯро манъ карда намешавад. Соҳибкор бошад, метарсад, ки инҳо қодиранд аз болои ширкат ё корхона дела кушоянд. Ин проблема аст. Ҳамин тарс то ҳол вуҷуд дорад.

Ислоҳот дар мақомоти андоз

-Пӯшида нест, ки даромади буҷети Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо асосан аз ҳисоби соҳибкорон аст.  Аз рӯйи маълумоти оморӣ 17,9 миллиард сомонӣ бахши даромади буҷети соли 2020-ро  аз ҳисоби андоз ташкил хоҳад кард. Дар шароите, ки бештари соҳибкорон қатъи фаъолият мекунанд, оё иҷрои ин бахш имкон дорад?

-Иҷро мешавад, вале дар натиҷаи ба нафъи давлат тақсим шудани даромади асосии  корхонаҳо. Худи сатҳи ситонидани андоз дар Тоҷикистон хеле гарон аст. Яке аз собиқ раисони Кумитаи андоз гуфта буд, ки ҳамин сатҳ то 35 фоизро ташкил мекунад. Ин дурӯғи маҳз буд. Даромади тоза аз фоида фарқ дорад. Он аз 45-50 фоиз камтар набуд.  Бинобар ин, ман ҷонибдори ислоҳот дар  мақомоти андоз ҳастам. Пеш аз ҳама, шумораи андозсупорандагон зиёд карда шавад. Яъне, базаи андозсупорӣ васеъ гардад.  Ҳоло як қисми соҳибкорон дар шароити пинҳонӣ фаъолият мекунанд, ки оқибат ин ба касодии иқтисоди кишвар оварда мерасонад. Инро мақомоти дахлдор ҳам хуб медонанд.

Сабаби пинҳонкорӣ  чист?

-Гарон будани андоз аст. Агар гаронии андоз паст мебуд, онҳо ба майдони легалии андоз бармегаштанд. Онҳоро бояд баргардонд. Мо дар донишгоҳ якчанд конфронс дар мавзӯи низоми андозсупорӣ гузаронидем, ба мақомоти андоз даъватнома барои иштирок фиристодем, лекин ягон нафари онҳо ширкат наварзиданд. Аз сатҳи роҳбарият то муовину  сардорони департаментҳо даъватнома ирсол карда шуд, вале мавзӯъро якҷо бо мутахассисон муҳокима кардан намехоҳанд.

Омилҳои қатъи фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон  борҳо гуфтаанду мегӯянд. Аммо аз нигоҳи шумо сабаби  асосӣ чист ва роҳи ҳал кадом аст?

-Якум, гаронии андоз. Дуюм, гаронии захираҳои бонкӣ, фоизи қарз. Сеюм, тафтишҳои аз меъёр зиёд. Чорум, ситонидани маблағ барои хароҷотҳои гуногун барои рушди маҳаллаҳо.

-Зимнан, дар Тоҷикистон ислоҳот дар Кодекси андоз идома дорад. Бори аввал нест, ки Кодекси андоз такмил меёбад ва мақомоти кишвар борҳо аз додани сабукӣ ба соҳибкорон ишора мекунанд. Оё воқеан ҳам кодекси имрӯзаи Тоҷикистон ба манфиати соҳибкорони кишвар аст?

-Вақте ки кодекси ҳоло амалкунандаро тартиб медоданд,Президенти кишвар дар яке аз суханрониаш ба масъулин дастур дода буд, ки гаронии андоз паст ва шумораи андозҳо кам карда шавад. Кодексе тартиб дода шавад, ки барои ҳамаи андозсупорандагон фаҳмо ва мусоидаткунда бошад. Ҳамин супориши Президенти кишвар комилан иҷро нашуд. Андозҳоро кам карданд, аммо дар зери банди дигар пинҳон нигоҳ доштанд. Ин кодексро ҳатто мутахассисони соҳаи иқтисод мехонанду намефаҳманд. Бинобар ин, онро  тавре омода кард, ки  тамоми мардуми Тоҷикистон хонанду фаҳманд.

-Чӣ бояд кард, ки иқтисоди пинҳонӣ аз байн равад?

— Фишор камтар ва озодии иқтисодӣ  бештар гардад. Ҳамаи тафтишҳо ин фишор болои соҳибкор аст. Фишори мақомот боис ба он мешавад, ки соҳибкор фаъолияташро қатъ кунаду ба ҷои дигар сармояашро бо худ бубарад. Натиҷа он мешавад, ки саломатиаш низ аз даст медиҳад. Мувофиқи мушоҳидаҳои ман, соҳибкорони мо ҳоло маризанд. Аксари онҳо бемории қанд, фишори хун ва ғайра доранд. Ин аз куҷо сар мезанад? Фишори мақомот!  Аксари соҳибкороне, ки дар вилояти Суғд қатъи фаъолият карданд, дар вилояти Боткент аз нав тиҷорати худро пеш бурданд. Ҳоло ин раванд идома дорад ва баъзан соҳибкорони мо дар Ӯзбекистон фаъолияти худро идома дода истодаанд. Яъне, бо ин амалашон буҷаи кишвари дигарро пур мекунанд.

-Имрӯз дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ гузоштани сарватҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла тиллову нуқра зиёд аст. Мақомоти кишвар инро як навъи ҷалби сармояи хориҷӣ арзёбӣ мекунанд. Воқеан ҳамин тавр аст?

-Умуман, ман тарафдорам, ки ширкатҳои хориҷӣ дар коркарди захираҳои табиӣ саҳмгузор бошанд,зеро онҳо дорои технологияи муосиранд ва мо чунин шароитро надорем. Бинобар ин, ниёз ба кумаки ширкатҳои хориҷӣ дорем.  Тоҷикистон асосан аз металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳою нодир бой аст. Барои чӣ ширкатҳои чинӣ бештар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд? Чунки онҳо  аз Тоҷикистон консентрат мебаранд. Яъне, хокро ин ҷо мепартоянд. Дар дохили консентрат маводҳои зиёди ранга, ки нодиранд,  ба берун меравад.  Ин, албатта ба манфиати кишвари дигар аст. Танҳо такя ба як давлат накунем, ба  сармоягузорони дигар ҳам имкон диҳем, ки дар баробари Чин амал кунанд. Чин то ҳол технолоҷии худро ба таври мустақим ба мо  надодааст. Худаш кор мекунад. Дар вақти бастани шартномаҳои тарафайн,  ин нозукиҳо бояд ба назар гирифта шавад.

Бонки миллӣ бо олимон кор намекунад

-Шумо аз вазъи имрӯзаи низоми бонкдории кишвар огоҳ ҳастед? Чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Вазъи бонкҳои кишвар хеле бад аст. Бонкҳо дар назди мизоҷон уҳдадориҳои худро иҷро карда натавониста истодаанд. Яке аз сабабҳои асосӣ -ин кам будани пул аст. Яъне, сатҳи бо пул таъмин будани иқтисоди кишвар хеле паст мебошад. Ҳатто аз сатҳи аксари давлатҳои Африқо, ки онро сатҳи монитизатсия меноманд, пастар аст. 12-14 фоиз, ки имрӯз мо онро арзёбӣ мекунем, пастарин сатҳ ҳисоб мешавад. Масалан, дар Бритониёи Кабир сатҳи монитизатсия ба 106 фоиз баробар аст. Ҳамин масъаларо 20 сол инҷониб мебардорем, ки бояд механизми мултипликатори пул бидуни ҳар гуна мамониат кор кунад. Яъне, агар механизми ҳақиқӣ дуруст кор кунад, ба ягон таваррум роҳ дода намешавад. Ҳоло байни таклиф ва талаботи пул фарқияти калон вуҷуд дорад. Талабот зиёд, вале таклиф кам аст. Бонки миллӣ бо олимон кор намекунад, вагарна мо омодаем, ки дар кушодани гиреҳи масъалаҳо роҳнамо бошем.

-Даҳ сол мешавад, ки дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ипотека” қабул шудааст. Аммо бисёриҳо аз баланд будани фоизи ипотека нигаронанд. Ба назари шумо чаро чунин вазъ пеш омадааст ва қонун иҷро намешавад?

-Ипотека бояд хусусияти адресӣ  ва барои беҳбуди табақаҳои аз ҳама қафомондаи аҳолӣ равона карда шавад. 21 фоиз набошад. Бо ин фоизи баланд, ҳатто профессор ҳам қарз гирифта наметавонад. Пас, дар раванди ипотекӣ кӣ иштирок карда метавонад? Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон бояд як бонки махсуси ипотекӣ таъсис дода шавад. Он давлатӣ бошад, зеро бонкҳои корпоративӣ ва тиҷоратӣ барои додани маблағ бо фоизи паст ҳавасманд нестанд.  

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *