Таксофонҳои пойтахт. Чаро онҳо кор намекунанд?

Суман Убайдуллозода донишҷӯйи яке аз муассисаҳои олии пойтахт аст. Ӯ ҳар субҳ аз истгоҳи марказии телевизиони “Сафина” ба нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста, ҷониби донишгоҳ мешитобад. Рӯзе бинобар тамом шудани суратҳисоби телефон, хостааст, ки аз таксофони яке аз истгоҳҳҳои пойтахт истифода кунад. Аммо аз чӣ бошад, ки таксофон кор накардааст.  

“Бо завқ назди таксофон омадам. Гӯшии таксофонро гирифтаму хостам ба хона занг занам. Мутаассифона, таксофони истгоҳ кор намекард. Ҳайрон шудам. Агар нафаре маҷбур бошаду таксофон кор накунад, чӣ кор мекунад? Магар ин таксофонҳо дар пойтахт барои намоишанд?”,- бо нигаронӣ мегӯяд ӯ.

Воқеан, чанд рӯз пеш баъд аз дарс барои иҷрои супоришҳои иловагӣ ба Китобхонаи миллӣ рафтам. Ба китобхона маро дугонаам ҳамроҳӣ кард. Пиёда мерафтем. Телефони мобилӣ “заряд” надошт, хостем аз таксофоне, ки поёнтар, дар истгоҳи маркази савдои “Тоҷикистон”, дар истгоҳи театри “Лоҳутӣ” насб шудааст, истифода намоем. Яъне, хостем, ки хонаро барои дер омаданамон огоҳ кунем. Мутаассифона, таксофони истгоҳ, ки ба назар хеле зебо менамуд, кор намекард.

Ба фикр фурӯ рафтам, ки ин таксофонҳои зебое, ки дар истгоҳҳо насб карда шудаанд, магар танҳо барои намоишанд?  Охир, Душанбеи нозанин рӯз аз рӯз зебову дилоро шуда истодааст. Ҳамарӯза садҳо меҳмонон аз кӯчаву хиёбонҳои он гузар мекунанду мафтуни пойтахт мешаванд. Ба назар пайдо шудани таксофонҳо дар истгоҳҳои пойтахт далели он аст, ки дар шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Сари ҳар қадам, дар ҳар истгоҳи наву замонавӣ таксофонҳо насб карда шудаанд, вале афсӯс, кор намекунанд. Чаро? Оё масъулини “Тоҷиктелеком”, ки ин таксофонҳоро дар истгоҳҳо насб кардаанду кор намекунанд, хабар доранд?

Албатта, имрӯз ҳама дар даст телефони мобилӣ ва аз он озодона истифода мебаранд. Вале ҳолатҳое мешаванд, ки донишҷӯён дар суратҳисоби телефонашон пул надоранд ва мехоҳанд аз таксофон истифода баранд. Ё  меҳмоне, ки аз ноҳияи дурдасте ё берун аз кишвар ба Душанбе омадааст, агар хоҳад аз таксофон истифодар барад ва кор накунад, гӯё себ аз бағалаш меафтад. Ё чунин ҳолат ба нафақахӯре, ки дар даст телефон надорад, рух диҳад…

Аз мушоҳидаҳои мо маълум шуд, ки танҳо дар истгоҳҳои марказии шаҳр таксофонҳо насб шудаанд, вале кор намекунанд.

Воқеан, шахсони солдидаи пойтахт мегӯянд, ки пештар таксофонҳо фаъол ва ҳам истифодаашон арзон буд. Мардум бе ягон мушкил истифода мекарданд. Аммо чӣ сабаб аст, ки таксофонҳои зебу зиннати истгоҳҳо дар пойхт кор намекунанд. Мисли “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам”.

Сайёҳону меҳмонони пойтахт ин ҳолро дида, чӣ мегӯянд?

Интизори вокуниши масъулин ҳастем.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *