Талаботи зиёд ба гаҳвораҳои тоҷикӣ дар бозори наздимарзии Шоҳон
Шаҳрвандони Афғонистон ба гаҳвораҳои дастсози тоҷикӣ дар бозори наздимарзии «Шоҳон», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Эраҷ Ҳалимзода, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд омори расмӣ дар мавриди фурӯши гаҳвора вуҷуд надорад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки талабот ба ин маҳсулоти ҳунари миллӣ афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони гумрук, ки дар нуқтаи наздимарзӣ фаъолият мекунанд, хабар медиҳанд, ки бештар шаҳрвандони Афғонистон гаҳвораҳои тоҷикиро харидорӣ менамоянд.
Бозори «Шоҳон» танҳо рӯзи шанбе фаъол аст ва дар он пардохти гумрукӣ талаб намешавад. Харидору фурӯшанда метавонанд озодона савдо анҷом диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ