Таркиш дар кобул ҷони 24 нафарро рабуду 42 нафарро захмӣ кард

Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, бар асари таркиши субҳи душанбеи 24-уми июл дар наздикии хонаи Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, ҳудуди 24 кушта  ва 42 тани дигар маҷрӯҳ гаштанд. Шумораи қурбониёни ин ҳамла эҳтимол афзоиш ёбад. Мақомоти вазорати сиҳати оммаи Афғонистон ҳам таъйид кардаанд, ки даҳҳо кушта ва захмӣ ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.

Хабаргузории «Хома»-и Афғонистон аз қавли дафтари Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дувуми раёсати иҷроия гуфтааст, ки дар натиҷаи ин таркиш наздик ба 20 нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки аксари қурбониёни ин ҳодиса, ғайринизомиён ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *