Тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба боғчаҳои бачагонаи Россия

Фирӯза Сатторӣ

Тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир

ба боғчаҳои бачагонаи Россия

  1. Вақте ки оила ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад….
  2. Кӯдакони муҳоҷирро ба боғчаи бачагона қабул мекунанд?
  3. Шартҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба боғча
  4. Барои ба боғча додани кӯдак ба куҷо бояд муроҷиат кард?
  5. Барои ба боғча додани кӯдак кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  6. Дар кадом ҳолатҳо кӯдаки муҳоҷирро қабул намекунанд?
  7. Ҳуқуқҳои кӯдаки шуморо поймол мекунанд, чи бояд кард?

 Вақте ки оила ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад….

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи зиндагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Имрӯз оилаеро пайдо кардан душвор аст, ки ягон узви он муҳоҷир набошад. Солҳои қаблӣ мардон ба танҳоӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, вале акнун иддае аз муҳоҷирони тоҷик зану фарзандонашонро низ бо худ мебаранд, вале баъди ба кишвари қабулкунанда расидан намедонанд, ки чи тавр кӯдакони худро ба боғчаву мактаб диҳанд. Аз ҳамин хотир мо ба ин масъала равшанӣ андохта, дар бораи тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба боғчаҳои бачагона дар Федератсияи Россия маълумот медиҳем…

Кӯдакони муҳоҷирро ба боғчаи

бачагона қабул мекунанд?

Кӯдакони муҳоҷирон низ дар қатори кӯдакони шаҳрвандони Россия ҳуқуқ доранд, ки ба боғчаи бачагона ва мактаб раванд. Ҳуқуқҳои кӯдакони муҳоҷир дар “Қонуни Федералии Россия дар бораи маориф” таҳти рақами 273 ФЗ инъикос ёфтааст. Тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба боғчаи бачагона дар банди 2-и моддаи 78-и қонуни мазкур зикр карда шудааст.

Шартҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба боғча

Барои ба боғчаи бачагона қабул шудани кӯдаки оилаи муҳоҷир чанд шарти муҳимро донистан ва иҷро кардан лозим аст.

  1. Муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки баробари расидан ба макон натанҳо худ, балки зану фарзандонашон, аз ҷумла кӯдакони хурдсолеро, ки бояд ба боғча раванд, дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Дар баробари ин кӯдакон низ бояд дар суроғае, ки волидонашон ба қайд гирифта шудаанд, дар қайд бошанд.
  2. Барои ба боғча рафтан кӯдакро аз комиссияи тиббӣ гузаронидан лозим меояд. Маълумотномаи тиббие, ки муассисаи тиббии берун аз қаламрави Федератсияи Россия ҷойгир шуда, дар бораи вазъи саломатии кӯдак додааст, қабул карда намешавад. Волидонро лозим аст, ки фарзанди худро дар муассисаҳои давлатии тиббии Россия аз ташхис гузаронида, дар бораи солимии кӯдак ва ягон бемории хавфнок надоштанаш маълумотнома бигиранд.
  3. Дар сурати мавҷуд набудани иҷозати зист дар қаламрави Россия (РВП) ва ё иҷозатномаи муввақатии зист (ВНЖ) волидон маблағи хизматрасониҳои тиббиро ба фарзандашон пардохт менамоянд.
  4. Барои он ки фарзандони шумо сари вақт аз ташхисҳои тиббӣ гузашта, бидуни ягон мамоният ба боғча рафта тавонанд, барои кӯдакон ҳатман полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ-ДМС бигиред.

Барои ба боғча додани кӯдак

ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Барои ба боғчаи бачагона додани фарзанди худ шумо бояд сараввал ба Маркази бисёрфунксионалии макони қайди худ (МФЦ) ва ё шӯъбаи маорифи шаҳр ё ноҳияе, ки зиндагӣ мекунед, муроҷиат намуда, кӯдакро дар навбат гузоред. Аризаро дар шакли электронӣ тавассути “Госуслуги” низ равон кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат кӯдакро дар навбати электронӣ мегузоранд ва баробари расидани навбат ба шумо хабарнома (уведомление) мефиристанд. Волидонро лозим аст, ки бо ҳамин хабарнома ба боғчаи бачагонае, ки рақамаш зикр карда шудааст, муроҷиат намоянд. Сарвари боғча дар рафти сӯҳбат мефаҳмонад, ки барои қабули кӯдак кадом ҳуҷҷатҳоро овардан лозим аст.

Муҳоҷироне, ки дар шаҳри Маскав кор мекунанд, метавонанд бо ёрии портали расмии мири шаҳри Маскав mos.ru. кӯдакашонро ба боғча диҳанд. Шарти асосӣ он аст, ки кӯдак бояд дар қайди шаҳри Маскав бошад. Барои қайди электронӣ тариқи портали мири шаҳри Маскав маълумотҳои зодномаи кӯдак ва суроғаи ҷойи зистро ворид намудан кифоя аст.

Барои ба боғча додани кӯдак

кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Маъмулан барои қабули кӯдакон ба боғчаи бачагона дар Русия аз волидон ҳуҷҷатҳои зеринро талаб мекунанд:

  1. Зодномаи кӯдак (свидетельство о рождении ребенка)
  2. Корти эмгузаронӣ (прививочная карта)
  3. Корти тиббии кӯдак (Медицинская карта из поликлиники)
  4. Маълумотномаи тиббӣ дар бораи гузаштан аз комиссияи тиббӣ
  5. Қайди муҳоҷиратӣ ё қайди макони зисти кӯдак (миграционный учет или регистрация по месту жительства)
  6. Полиси суғуртаи тиббии кӯдак
  7. Шиносномаи волидон
  8. Варақаи муҳоҷиратии падару модар ё яке аз волидони кӯдак
  9. Маълумотнома аз ҷойи зист

Рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳо барои қабули кӯдакон ба боғчаи бачагона дар банди 9-и Фармони Вазорати маорифи Россия аз 15-майи соли 2020 таҳти рақами №236 дарҷ гаштааст.

Волидонро лозим аст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои фарзандашонро бо забони русӣ тарҷума намуда, нусхаи бо мӯҳри нотариалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷатҳои кӯдакро пешниҳод намоянд.

Дар кадом ҳолатҳо кӯдаки

муҳоҷирро қабул намекунанд?

Муҳоҷирон гоҳо шиква мекунанд, ки фарзандони онҳоро дар Россия ба боғча ва мактаб қабул намекунанд. Дар ёд дошта бошед, ки тибқи қонунҳои Федератсияи Россия, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз ҳуқуқҳои кӯдакон дифоъ менамоянд, тамоми бачаҳо, аз ҷумла кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон, сарфи назар аз миллат, наҷод, дину оин ва забонашон ҳуқуқ ба зиндагӣ ва таҳсил доранд ва бояд бе мамоният ба боғча ва мактаб фаро гирифта шаванд. Ягона сабабе, ки барои қабул накардани кӯдак ба боғча асос шуда метавонад, набудани ҷойи холӣ мебошад. Мабодо дар боғчаи бачагонае, ки фарзандатонро ба он ҷо додан мехоҳед, ҷойи холӣ набошад, метавонанд шуморо ба боғчаи дигар фиристанд ё кӯдакро ба рӯйхат гирифта дар навбат монанд. Дар ин ҳолат то расидани навбат сабр кардан лозим меояд.

Баъзан навбатпоӣ хеле тӯл мекашад, зеро дар навбати аввал кӯдакони оилаҳои серфарзанд, сипас кӯдакони худи шаҳрвандони Россия, пас аз ин кӯдакони шахсонеро, ки расман иҷозатномаи зист дар қаламрави Россия, яъне РВП ва ВНЖ доранд ва танҳо баъди фарзандони ин категорияҳо, агар ҷойи холӣ бошад, кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро ба боғчаи бачагона қабул мекунанд.

Ҳуқуқҳои кӯдаки шуморо поймол

мекунанд, чи бояд кард?

Шумо дар асоси қонун дар қаламрави Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунед ва фарзандони худро низ дар қайди муҳоҷиратӣ ва қайди макони зисти худ гузоштаед, кӯдак аз комиссияи тиббӣ гузаштаасту тамоми ҳуҷҷатҳояш тахт шудаанд, аммо фарзанди шуморо бо баҳонаҳои гуногун ба қайд намегиранд, дар навбат намегузоранд ва ба боғча қабул кардан намехоҳанд? Рӯҳафтода нашуда барои ҳуқуқҳои фарзандатон мубориза баред. Дар чунни ҳолатҳо шумо метавонед ба мақомотҳои зерин арз карда, риоя намудани ҳуқуқҳои кӯдаки худро талаб намоед:

                  Вазорати маорифи Россия:

https://open.edu.gov.ru/appeals

Рақами телефон: +7 (495) 587- 01-36

 Қабули шикоятҳои электронӣ ба Вазорати маорифи Россия:

https://open.edu.gov.ru/appeals/e-send

вазоратимаориф.png 2

 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак: deti.gov.ru

кудак

Телефони боварӣ барои кӯдакон, наврасон ва волидони онҳо барои арзу шикоятҳо аз тамоми минтақаҳои Россия8-800-2000-122

raqam

(Занг задан ба ин рақам аз дилхоҳ телефон, аз ҷумла аз телефонҳои мобилӣ комилан ройгон аст)

Подробнее тдж: https://oila.tj/news/tartibi-abuli-kdakoni-muoir-ba-bochaoi-bachagonai-rossiya

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.