Тасмими таъсиси маркази интихоби тахассусии муҳоҷирони тоҷик дар Урал

Дар Урал тасмим доранд марказе ифтитоҳ кунанд, ки дар он интихоби тахассусии муҳоҷирон аз Тоҷикистон сурат мегирад.

Бино ба иттилои Media-MIG, муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар сохтмонҳои маҳаллӣ даъват карда мешаванд.

Қарор дар бораи ифтитоҳи марказе, ки дар он интихоби тахассусии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон сурат мегирад, дар мулоқоти консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода ва роҳбари Ассотсиатсияи корхонаҳои саноатии сохтмон Алишер Тоҷиев қабул шудааст. Дар таъсиси ин марказ намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ ширкат хоҳад кард.

Илова бар ин, дар мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи шуғли муҳоҷирони тоҷик дар соҳаи сохтмонии вилояти Урал баррасӣ шудаанд. Намояндагони ҳар ду мамлакат имконияти амалӣ гардонидани нақшаи ба сохтмонҳои Урал ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисос аз Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Мавзӯи алоҳидае, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудааст, ба масъалаҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ ба иншооти бунёдшавандаи корпоратсияи давлатии «Росатом» дахл дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *