Татяна Проскурякова: Сармоягузорӣ ба инсон калиди рафъи камбизоатӣ аст

Дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ ва шарикон аз Тоҷикистон — Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Форуми байналмилалии сармояи инсонӣ — 2024  баргузор гардид.

Чаро сармоягузорӣ барои инсон муҳим аст?

Форуми мазкур таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба инсон барои таъмини рушди иқтисодӣ» давоми ду рӯз — 14-15-уми май идома карда, роҳбарони вазорату идораҳои калидӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистонро ба ҳам овард. Инчунин, дар форум коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои табодули таҷриба дар самти сармоягузории мақсаднок ва инноватсия барои беҳбуди нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ дар минтақа ба Душанбе давъат шуда буданд, ширкат варзиданд.

Тавре дар форум таъкид гардид, сармояи инсонӣ, ки дониш, малака ва саломатиро дар бар мегирад, ҳамчун сарвати асосӣ маҳсуб меёбад ва имкон медиҳад, то одамон неруи худро ҳамчун иштирокчии фаъол дар ҷомеа амалӣ созанд.

Нотиқон иброз доштанд, ки Лоиҳаи сармояи инсонии Бонки Ҷаҳонӣ, ки соли 2017 оғоз шудааст, барои роҳбарон заминаеро фароҳам меорад, то ба сармоягузориҳои табдилдиҳанда ба одамон тавассути муайян кардани миқдори таъсири саломатӣ ва маориф ба ҳосилнокии ояндаи қувваи корӣ афзалият диҳанд.

Татяна Проскурякова, директори Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки «қудрати миллат дар сармояи инсонии он аст ва сармоягузорӣ ба одамон калиди рафъи камбизоатӣ ва ноил шудан ба шукуфоии муштарак мебошад».

Ба таъкиди ӯ, баргузории Форуми байналмилалии сармояи инсонӣ як даъвати равшан ба амал буда, ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба афзоиши сармоягузории табдилдиҳанда ва мусоидат ба инноватсия ҳавасманд мекунад.

“Ҳадафи мо баланд бардоштани самаранокии сармояи инсонӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташаккули ояндаи дурахшони ҳама аст”,- иброз дошт Татяна Проскурякова.

Сармоягузорӣ ба инсон омили рушди иқтисод аст

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар форум изҳор дошт, ки 60 фоизи аҳолии Тоҷикистонро нафарони то синни 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ин росто, Ҳукумати мамлакат низ пайваста ин қишрро дастгирӣ мекунад. Махсусан, лоиҳаҳои зиёд ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маорифу тандурустӣ амалӣ ва маблағгузорӣ мешаванд.

“Сармоягузорӣ ба одамон стратегияи муҳим барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Вақте ки роҳи худро дар самти беҳтар кардани нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ идома медиҳем, моро водор мекунад, ки ба манфиати тамоми шаҳрвандон дар Тоҷикистон ва берун аз он саъй кунем”,- гуфт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ӯ илова кард, ки бо даъвати коршиносон, сиёсатмадорон ва ҷонибҳои манфиатдор аз саросари Осиёи Марказӣ ва берун аз он, бори дигар Тоҷикистон уҳдадориҳои худро барои пешбурди сиёсатҳои фарогир ва сармоягузории табдилдиҳанда ба сармояи инсонӣ тасдиқ мекунад.

Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармояи инсонӣ ба густариши муколамаи ҳамаҷониба оид ба ҷамъоварии сармояи инсонӣ ва сиёсатҳое, ки барои рушди одилонаи иқтисодӣ заруранд, ҳамзамон таҳияи дидгоҳи ҳамаҷонибаи қадамҳои зарурии сиёсат барои таҳкими рӯзномаи рушди инсонӣ мусоидат намуд.

Дар ин форум, ки шахсиятҳои калидӣ, аз ҷумла мақомоти баландпояи ҳукумат, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ширкат доштанд, ба ҳозирин таҷрибаи мамлакатҳои Австралия, Хитой, Колумбия, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро вобаста ба рушди сармояи инсонӣ шарҳ доданд.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, такмили ихтисос ва ҳифзи иҷтимоӣ низ изҳори назар намуданд.

Михал Рутковский, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, дар ҳоле, ки иқтисоди Осиёи Марказӣ ба шарофати сармоягузорӣ ба инфрасохтор, энергетика ва гидроэнергетика рушд мекунад, муҳим аст, ки ҳамзамон тамаркуз ба рушди сармояи инсонӣ шавад.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки тавассути сармоягузорӣ ба як миллати ботаҷриба ва солим, аз ҳалқаи вобастагии даромади миёна пешгирӣ кардан мумкин аст»,- гуфт ӯ.

Гуфта шуд, ки ҳамчунин, дар ҳошияи форуми мазкур Ҳукумати Тоҷикистон як чорабинии сатҳи баланд доир ба ифтитоҳи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнокро бо дастгирии Фонди ҷаҳонии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) ташкил намуд.

Таваҷҷуҳи нақшаи мазкур ба сармоягузорӣ ва ислоҳот дар бахши тандурустӣ барои таъмини дастрасии кумаки тиббии зарурӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон, бахусус дар ҷамоаҳои камбизоат мебошад, ки як қадами муҳим барои таҳкими сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *