Тағйироти кадрӣ дар Хатлон
Хушнуд Баҳодуров, сардухтури Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов барканор шудааст. Ба ҷойи ӯ Холмирзо Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи мавриди назар таъин шудааст.
Холмирзо Давлатзода то расидан ба мансаби навбатӣ, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон буд.
Холмирзо Давлатзода бо қарори Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи сардухтури Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов таъин гардидааст.
Хушнуд Баҳодуров аз соли 2021 сардухтури Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов буд. Ӯ то расидан ба мақоми сардухтур, мудири шуъбаи барқароркунии бемориҳои амрози дарунаи беморхонаи мавриди назар буд.
Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов аз калонтарин муассисаҳои тандурустӣ дар вилояти Хатлон аст, ки дорои шароити хуби ташхису табобат мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ