Тағйироти кадрӣ дар муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон
Иззатулло Сафарзода, ки то имрӯз Театри давлатии лӯхтакро роҳбарӣ мекард, директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъин шуд.
Суҳроб Мирзоев, директори пешини Театри ҷавонон, бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод гардида, муовини раиси Конфедератсияи байналмилалии театрҳо (бо қароргоҳ дар Маскав) интихоб шудааст.
Наргис Розиқзода, ки таҷрибаи беш аз 30-солаи кор дар театри лӯхтак дорад ва то имрӯз Филармонияи кӯдаконаи Душанберо роҳбарӣ мекард, ба ҳайси директори нави Театри давлатии лӯхтак таъин гардид.
Суҳроб Ҷанҷолов, актёр ва коргардони тоҷик, директори Филармонияи кӯдакон таъин шуд. Ӯ аз солҳои донишҷӯӣ бо Театри ҷавонон ҳамкорӣ дошта, муддате муовини роҳбари он буд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ