Тақдими нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ба беморхонаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон

Ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ”, ки бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз аст, тақдим гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Шуғнон як адад нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ҷудо гардид ва он аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар фазои тантанавӣ ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъа супорида шуд.

– Раиси ноҳияи Шуғнон зимни супоридани нақлиёти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуда, ҳамзамон зикр кард, ки нақлиёти тақдимшуда барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия ва дигар эҳтиёҷмандон пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *