Русия барои хонандагони Бохтар мактаб месозад (аудио)

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар сохтмони муассисаи таълимии дорои наздик ба ду ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Иншооти мавриди назар моҳи сентябри соли равон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки муассисаи таълимӣ аз ҷониби Федератсияи Русия бунёд шуда истодааст. Таълим бо забони русӣ буда, 30 дарсади омӯзгорон аз Русия оварда мешаванд.

Шаъмигул Шарифзода, мудири шуъбаи маориф

“Барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия таъмири асосиву ҷории чанде аз муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ идома дорад. Барои мисол дар назди муассисаи таълимии рақами шаш сохтмони бинои иловагӣ дорои 24 синфхона ва утоқҳои корӣ оғоз карда шуд. Дар ин бино дар ду баст барои то 1 ҳазору 500 хонанда ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Боз муассисаи томактабии рақами 2 азнавсозӣ карда шуд. Биноҳои кӯдакистони рақами 13 ва мактаби рақами 15 азнасозӣ мешаванд. Дар кӯдакистони рақами 6 ва муассисаи таълимии рақами 20 низ бунёди бинои иловагӣ дар назар аст”,- афзуд Шаъмигул Шарифзода.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *