Таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон

Дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия”-и шаҳри Душанбе аз тарафи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласаи корӣ баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласа қайд карда шудааст, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Инчунин, дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаи номбурда таҳлил ва баррасӣ карда шудааст.

– Баъдан Зулфия Абдусаматзода ва Хушвақт Шарифзода аз рафти табобати як қатор беморон дидан карда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *