Тиҷорат ва ҳувият. Магар савдо бо забони тоҷикӣ имконнопазир аст?

Солҳои охир тиҷорат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рушд ниҳодааст. Ин навъи тиҷорат дар асл бадие надорад. Он чӣ нороҳаткунанда аст, забони саҳифаҳои тиҷоратист, ки 99 дарсад бо забони русӣ кор мебаранд.

Дар Тоҷикистон тоҷирони хурду миёна бештар аз шабакаҳои “Инстаграм” ва “Фейсбук” истифода мебаранд. Ангор бо забони модарӣ тиҷорат кардан имконпазир набошад. Ба кадом саҳифае ворид нашавед, суолу ҷавоб бо забони русӣ радду бадал мешавад. Ҳатто онҳое, ки русӣ балад нестанд, бо забони шикастаи пурхато русӣ мепурсанду русӣ посух медиҳанд.

Бедардоне ҳастанду хоҳанд гуфт, ки мушкил надорад, муҳим тиҷорат пеш равад. Аммо ин нишони беҳувиятии як миллат аст ва беҳувиятӣ миллатро ба шикаст хоҳад овард.

Ин падида, ки беҳувиятӣ унвон кардем, аз эҳсоси худкамбинии миллӣ сарчашма мегирад. Яъне кам шуморидани худ, забони модарии худ ва миллати худ. Ва арҷ қоил набудан ба забону фарҳангу дар умум миллати худ.

Моликони мағозаву фурӯшгоҳҳои Душанбе агар пештар номҳои русӣ гузоштанро авло мешумориданд, ҳоло номҳои туркиву инглисӣ ниҳоданро расм кардаанд.

Ҳамин эҳсоси худкамбинӣ ва беҳувиятии мост, ки имрӯз дар бозорҳои Русия меваҳои Тоҷикистонро тоҷирони тоҷик меваи Ӯзбекистон гуфта мефурӯшанд.

Дар сафари охире, ки ба Маскав доштаму дар маъракаи ҳамватане даъват шудам, соҳиби рестурон тоҷики ваҳдатӣ, коргарон саросар тоҷик, аммо дар пештоқи дари рестурон навиштаанд: Узбекская кухня.

Омили узбекӣ ном бурдани меваҷоти тоҷикӣ ва ошхонаву рестуронҳои тоҷикӣ дар Русия фаротар аз баҳси ҳувият ҳастанд, ки фурсат даст диҳад, дар замони дигар баён мекунем. Аммо решаи ин падида ҳам боз ба ҳамон надоштани ҳувият бармегардад.

Арз кардем, ки сарчашмаи ин падидаи худбезорӣ беҳувиятист. Ҳоло бояд андешид, ки худи беҳувиятӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

Беҳувиятӣ аз тарбия дар хона ва мактаб ба миён меояд. Имрӯз волидон ва муаллимони беҳувияте нашармида ба наврасону ҷавонон талқин мекунанд, ки забони тоҷикӣ то фурудгоҳ ба кор меояд.

Ва муҳимтар аз ҳама, мо дар се даҳсолаи истиқлол мактаби миллӣ ба вуҷуд оварда натавонистем. Мактабе, ки хатмкардааш ҳадди ақал забони худро бидонад ва аз забони модариаш нашармад, балки ифтихор намояд.

Аз ӯзбекӣ шудани забони тоҷикони Ӯзбекистон менолем, аммо русӣ шудани забони худро намебинем. Онҳоро ба беҳувиятӣ айбдор месозем, беҳувиятии худро нодида мегирем.

Чорае бояд ёфт!

Беҳувиятӣ бадбахтӣ меорад.

Азиз НАҚИБЗОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *