Тоҷикистон аз кӣ қарздор аст? Аз пурсиши мансабдорони СММ то посухи мақомдорони тоҷик

Сол аз сол қарзи Тоҷикистон майли афзоиш дорад. Аз ҳаҷми умумии қарзи кишвар бештар ба Чин рост меояд.  Ин кишварест, ки барои Тоҷикистон ҳамсоя ва шарики стратегӣ маҳсуб аст. Дар зинаҳои баъдӣ созмону бонкҳои байналмилилалӣ ҷой гирифтаанд.

1 миллиард қарз бо 2%

Ахиран Ҳукумати Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон хост, ки барои гирифтани қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 1 миллиард сомонӣ, ки тақрибан  100 миллион доллар аст, розигӣ диҳад. Дар қарори дахлдори Ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, ба гирифтани қарз аз Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёри имтиёзноки 2%-и солона ишора мешавад. Аммо дар ин ҳуҷҷат мушаххас гуфта нашудааст, ки ин маблағ барои кадом эҳтиёҷот сарф хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти нашршуда, 3,7 миллиард доллар ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2022 мебошад. Ин баробар ба 42,8 дарсади ММД-и ҷумҳурӣ аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар таркиби ҳаҷми умумии қарзи давлатии кишвар 12% қарзи дохилӣ ва 88% қарзи берунӣ мебошад. То 1-уми июли соли равон қарзи дохилӣ 500 миллион долларро (4,7 фоиз аз ММД) ташкил дод, дар ҳоле, ки ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 3,2 миллиард долларро (41,6 фоизи ММД) ташкил медиҳад.

Агар палатаи поёнии парлумон ба пешниҳоди Ҳукумат розӣ шавад, ҳаҷми қарзи дохилии кишвар 20 фоиз ва қарзи давлатӣ дар маҷмуъ 2,7 фоиз зиёд мешавад.

Чин дар зинаи аввал

Бино ба маълумоти “Азия плюс”, дар системаи қарзи дохилии ҷумҳурӣ беш аз 40 дарсадро векселҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки барои аз нав капитализатсия намудани ду бонки кишвар — «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» истифода шудаанд. Инчунин, қарзи дохилӣ аз вомбаргҳо ва векселҳои Вазорати молия барои қонеъ кардани ниёзҳои гуногуни ҳукумат иборат аст.

Ҳоло Чин қарздиҳандаи аслии хориҷии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 1,1 миллиард доллар қарздор мебошад.

Илова бар ин, аз Бонки Ҷаҳонӣ (357 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (291 миллион доллар), Сандуқи Байналмилалии Асъор (190 миллион доллар), Бонки Исломии Рушд (184 миллион доллар) ва евробондҳо (500 миллион доллар) қарз гирифта шудааст.

Аммо қарзҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан созмонҳои байналмилалӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, то аз ҷалби қарзҳои имтиёзнок худдорӣ кунанд. Таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Асъор моҳи феврали соли равон анҷом дода шуд, хатари баланди буҳрони қарзиро нишон медиҳад.

Хавфи баланди буҳрони қарзиро бо омилҳое аз қабили касри музмини буҷети кишвар, истифодаи пуршиддати қарзҳои ғайриимтиёзӣ, аз ҷумла 500 миллион доллари амрикоӣ тавассути ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ (евробонд) дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ дар соли 2017 бо суръати 7,12%, вобаста медонанд.

Баҳси қарзи Тоҷикистон дар Женева

Ҳаҷми бештари қарзи Тоҷикистон мавзӯи баҳси коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ва мақомдорони тоҷик низ шудааст. Дар ҳамоиши 4-5-уми октябри соли равон дар шаҳри Женева ба пурсиши намояндагони хориҷӣ мансабдорони тоҷик посух гуфтаанд. Аслан, баҳси қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳангоми баррасии гузориши намояндаи Ҳукумати кишвар дар бораи таъмини ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар панҷ соли гузашта сар зад. Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии СММ аз мансабдорони тоҷик дар бораи сатҳи болои қарзи берунӣ ва чигунагии харҷи онро пурсиданд.

Ҳейсу Шин, намояндаи ин созмон суол кардааст, ки «тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар даҳ соли охир беш аз ду баробар афзуда, дар соли 2016 ба 67%-и тавлидоти нохолиси миллӣ расид. Барои бартараф кардани он чӣ гуна чораҳо андешида шуданд?».

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндагӣ мекард, гуфтааст, ки «Тоҷикистон қарзи худро пурра ва саривақт пардохт карда метавонад. Ҳукумат барои коҳиш додани вобастагӣ аз қарзи хориҷӣ кӯшиш дорад истихроҷи маъданҳоро бештар кунад ва кишоварзиро рушд диҳад”.

Ба таъкиди мансабдорони мо, Тоҷикистон барномаи мудирияти қарзи давлатиро низ рӯи даст гирифтанист, ки ба баланд бардоштани самарбахшии идоракунии қарзҳои хориҷӣ нигаронида шудааст.

Дар идомаи баҳси қарзи хориҷии Тоҷикистон коршиноси дигари Созмони Милал Муҳаммад Эзелдин Абдул Монейм пурсидааст, ки Тоҷикистон пулҳои аз хориҷ гирифтаашро чӣ гуна ва бештар бо чӣ мақсад сарф мекунад? Ҳайати Тоҷикистон гуфтаанд, ки бештар аз 50 дарсади қарзи берунӣ барои барномаҳои рушди иҷтимоӣ, ҳудуди 10 дарсад барои бахши тандурустӣ, 8 дарсад барои маориф ва панҷ дарсад барои сохтмони хона истифода шудааст.

Аммо афзоиши қарзи Тоҷикистон ва дар ин росто нигаронии созмонҳои байналмилалӣ суолҳоро ба миён меорад: Ҳадаф аз қарз гирифтани Тоҷикистон чист? Пардохти он аз рӯи кадом меъёрҳо сурат мегирад? Кафил барои ин гуна қарзҳои ҳаҷман бузург чист?

Умедворем, ки дар ин мавзуъ масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута ба хонандагон шарҳи бештар медиҳанд.

У. РАҲИМЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.