Тоҷикистон ва БИР масъалаи маблағгузории НБО-и “Роғун”-ро баррасӣ карданд
Дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки аз 19 то 22 май дар шаҳри Алҷазоир баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” баррасӣ шуданд.
Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинии муҳим Завқизода Завқӣ Амин, вазири рушди иқтисод ва савдо раҳбарӣ кард. Дар ҷараёни мулоқотҳо бо роҳбарияти Бонки Исломии Рушд, ҷонибҳо сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳлил намуда, аҳамияти стратегӣ доштани лоиҳаи НБО-и “Роғун”-ро таъкид карданд.
Ба гуфтаи Завқизода, Тоҷикистон Бонки Исломии Рушдро ҳамчун шарики боэътимод ва фаъоли рушди устувори иқтисодӣ мешуморад.
Аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз Бонки Исломии Рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 916 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст, ки 550 миллион доллари он ба сохтмони НБО-и “Роғун” равона гардидааст.
Ҷонибҳо инчунин имкони васеъ намудани маблағгузории соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетикаи сабз, инфрасохтори роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва рушди сайёҳӣро мавриди муҳокима қарор доданд. Президенти Бонки Исломии Рушд омодагии ин ниҳодро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ тасдиқ намуд.
Ба ҳайати расмии Тоҷикистон инчунин Маҷидӣ Юсуф, муовини аввали вазири молия, Шарифзода Фирӯз, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бобозода Хокимшоҳ, раиси “Саноатсодиротбонк” шомил буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ