Тоҷикистону Туркманистон корхонаи муштараки коркарди нафт таъсис доданиянд (аудио)

Дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Директори генералии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ намудаанд.

Зимни мулоқот намояндагони ду кившар оид ба тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ибрози назар намуда, ба мувофиқа расидаанд, ки корхонаи муштаракро барои коркарди маҳсулоти нафтӣ таъсис диҳанд.

— Пешниҳод гардид, ки имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дида шуда, воридоти он ҳарчи зудтар бояд ба роҳ монда шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *