Тоҷикони Русия дар канор нестанд

CОVID – 19 новобаста ба он ки ҳосили ақли инсон аз мағзи як озмоишгоҳ аст ё офати табиист, барои миллатҳо ва давлатҳои дунё як имтиҳони таърихист. Миллатҳои ташаккулёфтаро офат боз ҳам муттаҳидтар месозад, аммо миллатҳои ташаккулнаёфтаро парешонтар месозад.

CОVID – 19 масъалаи ахлоқиро низ ба миён гузошт. Дар миллатҳои номуташаккил, костаахлоқ вуҷудашон, ҳадафашон чун пардаи даридаи саҳна барои тамошобини толор равшан мегардад. Албатта, миллати тоҷикро наметавон костаахлоқ номид. Аммо CОVID – 19 парда аз рӯи бисёре аз фарзандонаш, ки халафу нохалаф ҳастанд, бардошт. Видеобардориҳо ҳангоми ҷон кандани бемору ва манзили охират фиристодани онҳо, дар мусибати дигарон дег ҷӯшониданҳо, сиёҳ кардани онҳое, ки ҷон дар кафи даст талоши наҷоти миллат доранд, аз фурсат истифода бурда, ғаразҳои сиёсӣ пеш гузоштан, алайҳи манфиатҳои миллӣ зархариди кишвареву гурӯҳе гаштан аз ин ҷумла мебошанд. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ нигаред ва хоҳед дид, ки чӣ қадар аз майнаи пӯсидаи як тӯда намояндагон миллати бофарҳанги тоҷик фисқу фасоду партовҳо мерезанд. Дар ҳамин вазъият диаспораҳои тоҷик, ки дур аз Ватан дар ёди Ватан ҳастанд, чӣ андеша доранд?

А.Н.Зубайдуллоев, раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия:

-Ба ҳамаи хонаводаҳое, ки бар асари бемории CОVID – 19  наздикон ва пайвандони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол талаб мекунем, ки гузаштагонро раҳмату мағфират кунад.

Тавре ки ба ҳама маълум аст, имрӯзҳо мардуми тамоми дунё ба ин беморӣ рӯ ба рӯ гардида, ба хисороти бузурги молиявию иқтисодӣ гирифтор шудаанд. Ҳоло сарони кишварҳои дунё ба муқобили ин бемории фавқулодаи хатарнок захираҳои моддӣ ва зеҳнии худро муташаккилона истифода бурда, барои халосӣ аз вабои асри XХI тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ба хусус барои табобати пурраи ба ин беморӣ гирифторшудагон пайкор доранд.

Мутаассифона, ин мушкилие, ки дар баробари тамоми кишварҳои дунё Тоҷикистонро низ муваққатан фаро гирифтааст, боиси иғвогарӣ ва туҳмату буҳтони аз ҷониби мухолифини давлату Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст.  Онҳо бо истифода аз таҷрибаи талхи худ мехоҳанд боз халқи аз ҷанги шаҳрвандӣ осебдидаи тоҷикро ба вартаи ҳалокат кашанд. Шукри Худо, ки халқи тоҷик мӯйро аз хамир ҷудо кардааст ва ба ин гуна даъватҳои душманона ва хунхорона дигар дода намешавад. Сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагии миллат, ки асоси пешравии Тоҷикистон аст, ба чунин даъватҳои фитнаангезу иғвогаронаи гурӯҳи мардуми фитнаангез зарбаи ҳалокатовар мезанад.

Боварӣ дорем, ин рӯзҳои мушкил, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст, батадриҷ аз сари мардуми тоҷик дур гардида, зиндагӣ ба маҷрои пешинааш бармегардад.

Мо — тоҷикони бурунмарзӣ боварӣ дорем, ки дар рӯзҳои наздик ба табобати саросарии шаҳрвандони ба ин беморӣ гирифторгардида муваффақ гардида, барои равнақи минбаъдаи Ватани маҳбубамон қадамҳои устувор гузошта хоҳад шуд.

Холиқов Максим Холматович,  раиси Ташкилоти ҷамъияти русӣ-тоҷикии  дӯстии вилояти Томск:

-Мо намояндагони чамьияти дӯстии вилояти Томск аз он ки бемории коронавирус дар  Точикистони паҳн шудааст, бисёр нороҳат ҳастем.

Албатта барои давлати мо, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, мубориза бо ин вабо душвор аст. Ҳатто давлати бузурги Русия низ дар мубориза бо ин беморӣ гирифтори мушкилот гаштааст. Вале ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Одамоне, ки аз дур истода, аз номи мо — муҳоҷирон гапҳои беҳуда менависанд, иғвоандозӣ мекунанд, бояд ин корашонро бас кунанд. Онҳо ҳуқуқи аз номи муҳоҷирон гап заданро надоранд, бояд инро бас кунанд. Ҳатто дар рӯзҳои моҳи рамазон ҳам ин корашонро бас намекунанд.

Онҳо ба ҷои он ки дар ин рӯзҳои мушкил ба мардум ёрӣ расонанд, дар паҳлуи онҳо бошанд, ба иғвогарӣ даст задаанд. Онҳое, ки аз номи мардуми тоҷик гап мезананд, барои мардум дар ин рӯзҳои мушкил чӣ кумак карданд?

Агар ёрӣ расонидан наметавонед, лоақал халал нарасонед, ки онҳое, ки сари кор ҳастанд, пеши роҳи ин бемориро гиранд.

Мирзо Зокиров,  раиси ҷавонони тоҷик дар шаҳри Новокузнетск:

-Ба оилаҳои, ки имрӯз бо сабаби дар карантин нишастанашон пуле ба даст наоварда истодаанду наметавонанд мустақилона ғизои худро дарёбанд, мо бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии » Дӯстии рус ва тоҷикони  вилояти Кемерово ёрии худро дареғ надошта истодаем. Мо ба донишҷӯёне, ки шароити моддии на он қадар хуб доранд, низ дасти кумак дароз мекунем.

Вақтҳои охир шахсони хеле баде аз номи диаспораҳои тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр хабарҳои дурӯғу нохубе паҳн карда истодаанд, ҳақиқате надоранду ба мо низ рабте надоранд. Ба халқи азизи тоҷик гуфтанием, ки ба ҳар гуна хабарҳо бовар накунанду ба худ ва ақрабони худ аҳамияти зиёдтаре диҳанду саломатии худро дар ин шароити нохуби эпидемиологӣ бештар ҳифз намоянд.

М.М.Каримов, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони «Сомониён»-и шаҳри Новосибирск:

-Аввало дуруди гарми фарзандони тоҷики шаҳри Новосибирск бар кулли тоҷикони олам. Имрӯзҳо вабои бо номи коронавирус, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст, ба Тоҷикистони азизи мо низ ворид гардид.

Давлати Тоҷикистон тамоми қувваашро барои гирифтани пеши роҳи паҳншавӣ ва нобуд кардани коронавирус равона кардааст. Боиси зикр аст, ки шахсони бадхоҳе чанде боз саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки Тоҷикистони ободу ороми имрӯзаро хароб созанд. Мутаассифона, ин шахсони нопокдил аз шароити имрӯза истифода бурда, ҳар гуна хабарҳои бардурӯғро аз номи диаспораҳои тоҷик ба воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд. Миллати тоҷик, ки хеле таърихи бою маданияту маърифати бениҳоят баланд дорад, набояд зиракиро аз даст дода, ба ин бадфикрон бовар кунанд. Зеро ин метавонанд сабаби вайрон сохтани ҳавои сулҳу субот дар кишвар шавад.

Ногуфта намонад, ки мо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони «Сомониён»-и шаҳри Новосибирск имрӯзҳо бо ёрии баъзе тоҷирони меҳанпараст ва ташкилотҳои дахлдор ба шахсоне, ки аз пушти вабои нав аз кору фаъолияти хуб маҳрум мондаанд, бевосита дастгирии моддиву маънавӣ расонида истодаем. Боварии комил дорем, ки аз ин дарду вазъи ногувор ба зудӣ мебароему боз оромиву осоиштагӣ ҳукмрони давлати азизи мо мешавад.

Дар охир гуфтанием, ки мо — диаспораҳои тоҷик ҳеҷ вақт бо ягон хел гурӯҳои фитнакорҳо набудем ва ягон алоқамандӣ надорем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *