Тоҷикистон: ҷаримаи варақаҳои қалбакии рухсатии беморӣ зиёд мешавад

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти табибон барои додани варақаҳои рухсатии беморӣ иловаи дахлдор ворид карда шуд.

Таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласа баргузор гардида, лоиҳаи қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурӣ» қабул карда шуд.

Лоиҳаи қонунро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода ва Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шуда, ба масъалаи таъйин ва пардохти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дахл дорад.

Дар ин соҳа масъулияти маъмурӣ зиёд карда мешавад. Барои кормандони муассисаҳои табобатию профилактикие, ки варақаҳои қалбакӣ дар бораи корношоямии муваққатӣ медиҳанд, ҷазои ҷаримавӣ пешбинӣ шудааст.

Дар бораи андозаи он ҳоло хабаре дода нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *