Ангур

Тоҷикистон ба Чин ангур содир мекунад

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, 18-уми май дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Протокол байни Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти ангури тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин ба имзо расид.

Тавре дар сомонаи Кумитаи амнияти озуқаворӣ хабар дода шудааст, дар робита ба ин санад бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ба манфиати халқҳои ҳарду давлат, инчунин бо назардошти масъалаҳои асосии мавқеи бахши кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ Протокол ба имзо расидааст.

Таъкид мегардад, ки имзои Протоколи мазкур ба ташкил ва фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани муносибатҳои мустақим байни субъектҳои кишоварзӣ бо мақсади содироти ангури тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин, назорати сифати токзорҳои мавҷуда, беҳтар намудани мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, зиёд кардани ҳосили токзор, ривоҷу равнақ додани токпарварӣ ва умуман беҳтар намудани вазъияти иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 16-19-уми май Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланд миёни Тоҷикистону Чин дар ҳузуру ширкати сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *