Тоҷикистон чанд нафақагир дорад? Онҳо чанд сомонӣ гирифтаанд?

Дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба беш аз 758,4 ҳазор нафар нафақагир беш аз 1 миллиард сомонӣ пардохт шудааст.

Тибқи иттилои Агентии омор, ҳаҷми умумии пардохти нафақаву кумакпулӣ дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиарду 55,7 миллион сомониро ташкил додааст.

Маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-майи соли равон 1 миллиарду 78,6 миллион сомониро ташкил додааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки шумораи нафақагирон ба аввали моҳи июни соли равон 758 ҳазору 485 нафарро ташкил додааст.

Бар асоси буҷети давлатии ҷумҳурӣ, ин маблағ аз 3,5 миллиард сомонӣ андози иҷтимоӣ ва 31 миллион сомонии кумак аз хазинаи ҷумҳурӣ иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *