Токаев боз президент шуд. Президенти Тоҷикистон ӯро табрик гуфт

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти суҳбат натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

— Сарвари давлати мо муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба  муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистони дӯст орзу намуданд,- меафзояд манбаъ.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҷараёни баланди рушду таъмини ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлатро таъкид кардаанд. Дар ин зимн алоқамандии тарафайн ба идомаи амалҳои муштарак ҷиҳати таҳкими минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид гардидааст. Мувофиқа ба даст омадааст, ки ҷонибҳо якҷоя ҷиҳати омодагирӣ ба таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба аввали моҳи январи соли оянда рост меояд, чораҷӯӣ менамоянд.

Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом додаанд.

— Дар фарҷоми суҳбат Президенти Қазоқистон аз Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал овард. Пешвои миллат дар навбати худ муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуданд. Муҳлатҳои сафарҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд,- мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Пешвои миллат дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба унвони Қосим-Жомарт Токаев барқияи шодбошӣ ирсол намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.