толеънома

Толеъномаи 13-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст, дастгириву кумаки ҳамкорон, дӯстону наздиконро эҳсос мекунед. Барои вохӯриҳои ошиқона ва машғул шудан бо табобати тиби халқӣ мусоид аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани гӯгирд ва оташ аз нохушӣ дарак медиҳад.

Савр (21 апрел-22 май)

Вазъи молиявиатон ба эътидол меояд. Даромади калони пулӣ ба даст намеоред, вале кӯшиши зиёд харҷ менамоед. Ба хонаатон омадани меҳмон имкон дорад. Ҳамсафари ҳаётӣ бо шумо ифтихор мекунад. Ба наздикони худ лаҳзаҳои гуворо тақдим карда метавонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар давоми рӯз қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо менамоед. Сафару шиносоиҳо, вохӯрӣ бо дӯстони дерин хуб анҷом меёбанд. Ба хонаатон меҳмон меояд. Дар хоб дидани рақсу бозӣ аз шунидани пайғом дарак медиҳад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар шумо эҷодкор бошед, тамоми нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Ҳамсафари ҳаётиятон бо хабари хуш хурсанд мекунад. Аз имкон дур нест, ки бегоҳ ба хонаатон меҳмон меояд. Дар оила зодрӯзи яке аз наздиконатонро ҷашн гирифта, дилхушӣ мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва бо табобат машғул шудан. Занҳои дар ин моҳ тавлидёфта пуштибону дӯстони нав пайдо мекунанду қобилиятҳои худро нишон дода метавонанд. Ба мардҳо тавсия дода мешавад, ки бо дидани бонувони зебо худро ба даст гиранд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бо сабаби худро бад ҳис карданатон аз ҳад зиёд бо кор хаста нашавед. Ба ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузоштану мошинро бо суръати баланд ронданро тавсия намедиҳем. Дилатон аз шахси дӯстдоштаатон монда, руҳафтода мегардед. Барои аз ҳолати яъсу ноумедӣ баромадан дастгирии наздиконро рад накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо вуҷуди баъзе нобарориҳо муносибатро бо шахси наздик мустаҳкам карда метавонед. Аз оқиливу дастгирии шахси дӯстдоштаатон пешравии корҳои шумо вобастагӣ дорад. Воқеаҳои дар ин рӯз рухдода хотиратонро хеле болида месозанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи ором аст, ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Аз коллектив худро дур нагиред. Кӯшиши аз дигарон як сару гардан боло буданро накунед. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад. Корҳои вазнини ҷисмонӣ тавсия дода намешаванд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Сафару рухсатии меҳнатӣ табъатонро болида месозад. Ақидаҳои наву ташаббусҳоятонро сардор хуб қабул мекунад. Нимаи дуюми ҳафта зимни робита бо ҳамкорон ба соддагӣ роҳ надиҳед. Нисбати атрофиён зудбовар шуда, меҳрубонӣ зоҳир карданатон оқибат пушаймонӣ меорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз таҷрибаҳои пешин ибрат гирифта, барои оянда нақша кашида метавонед. Имрӯз кори наверо оғоз намудан тавсия дода намешавад, беҳтараш корҳои қаблиро ба анҷом расонед. Аз кумаку дастгирии дӯстон рӯй нагардонед. Кинаву адоватро ба дил роҳ надиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Сафару шиносоиҳои нав ё вохӯрӣ бо дӯстон дар назар аст. Маблағи зиёдеро сарф карданатон лозим меояд. Аз ин лиҳоз, имкониятҳои худро пешакӣ дида бароед. Беҳтараш корҳои навро ба нақша гиред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатон болида гардида, хушчақчақ мешавед ва бо атрофиён ба зудӣ забон ёфта метавонед. Нуқтаи назари худро иброз карданро омӯзед. Бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон забон ёфтан душвор мешавад. Аз ҳад зиёд миҷингу бадгумон нашавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *