Толеъномаи 23-юми июни соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд гашта, аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Обрӯву мавқеатонро дар байни ҳамкорон мустаҳкам сохта метавонед. Агар муносибататон бо нафаре аз онҳо бад бошад, бо тамоми ҳамкорон робитаатонро қатъ накунед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон оқилонаву нозукона рафтор намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои шуморо дар мавриди истироҳат кардан дӯстону наздикон хуш қабул намекунанд. Вақти бештари худро бо нафароне гузаронед, ки дар ҳузурашон худро роҳат ҳис мекунед. Дар сурати бемор шудан, зуд аз пайи табобат шавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз дар масъалаҳои нави корӣ эҳтиёткориро пеша намоед. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон зиёд аст. Аз ҳама гуна амалиётҳои пурмоҷаро худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ барои рафъ намудани мушкилоти оилавӣ ва рӯзгор қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҷодаи касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон дасисаву фитна рух намедиҳад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва сафари роҳи дур. Ҳангоми иҷрои корҳои рӯзгор, хусусан кор бо асбобҳои бурандаву нӯгтез  эҳтиёткориро пеша намоед. Наздиконатон ниёз ба ғамхориву дилсӯзии шумо доранд.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз қобилиятҳои ҳозирҷавобӣ ва дар баҳсу мунозираҳо ғолиб омаданатон зиёд мегардад. Меҳру муҳаббататон ба ҳолати руҳӣ бетаъсир намемонад. Бо мушкили фарзандон ва хешовандони бемор машғул шуданатон лозим меояд. Ташвиш накашед, шумо барои ҳама кор вақт пайдо карда метавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи хубест барои пайдо кардани сарчашмаҳои нави даромад. Обрӯву нуфузатон нисбатан боло меравад. Бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре кӯшиши ба шумо зарар расониданро мекунад, вале худаш зарар мебинад. Чизи ягонае, ки табъатонро хира мегардонад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз субҳи саҳар худро нотоб ҳис карда, эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Дилатон худ ба худ эҳсоси хавотирӣ меорад, вале образи душман танҳо дар тахаюлоти шумо вуҷуд дораду халос. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие сар зада, боиси руҳафтодагиятон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Беҷуръатиятон садди роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз монеаҳои пайдошуда наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона давраи мусоид аст. Қавсҳои муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро меёбанд. Барои саломатӣ рӯзи созгор нест. Табъатон худ ба худ вайрон гашта, асабхаробӣ эҳтимол дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз фиребу найранги дӯстон огаҳ гашта, азоби руҳӣ мекашед. Яку якбора гуноҳи ҳамаро фош насозед, беҳтараш роҳи дигари қасосро ҷӯед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои аҷиб ё тағйироти ногаҳонӣ имкон доранд. Аз муносибатҳои ошиқона табъатон болида ва ба худ эътимод пайдо мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бо коре машғул шавед, ки табъатонро болида сохта тавонад. Ҳангоми гуфтор бо атрофиён эҳтиёт бошеду ботаҳаммул, вагарна нофаҳмиву муноқиша имкон дорад. Сафари берун аз шаҳр вақту қувваи зиёдатонро мегирад. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқона эҳтимол дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз табъатон яку якбора нохуш гашта, худро нотоб ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз бе ягон сабаб ғаму андуҳ ба дилатон роҳ меёбад. Асабониятатон зиёд гашта, мардумгурез мегардед. Барои ба худ омадан ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шуда, маҳси бадан намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани корҳое шуда метавонед, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед. Аз корҳои хатарнок ва нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед. Вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Қабл аз хоб сайругашт ва истироҳат карданатон хуб аст. Эҳтимоли бехобӣ ва камқувватӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *