толеънома

Толеъномаи 23-юми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Зодагони мучали ҳамал дар ин рӯз аз ҳад зиёд фаромӯшхотир мешаванд ва ин оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Гап сари робитаҳое меравад, ки бо пул алоқамандӣ доранд. Ба нафаре бояд занг мезадед, бо нафаре дидорбинӣ мекардед, вале ҳамаашро фаромӯш месозед. Баъзан аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда зистан хуб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ низ диққатнокиро пеша намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз шуморо бурдборӣ ва тағйироти судманд интизор аст. Тақдир ба шумо имкониятҳои мусодиеро пеш меорад, ки ҳунару истеъдоди худро нишон дода метавонед. Баъзеҳо дар ин рӯз ба ҷои дигар кӯч мебанданд, нафаре бо ҳуҷҷатҳо кор мекунад. Пулҳои худро беҳуда сарф накунед, дар масъалаи муҳиме ба пул ниёз пайдо мекунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз барои аксарияти зодагони бурҷи ҷавзо бобарор аст. Хусусан дар ҷодаи молиявӣ маблағи деринтизорро ба даст оварда метавонед. Баъзеҳо туҳфаҳои қимматбаҳо мегиранд. Вале шумо худро чандон озод ҳис намекунед, чизе шуморо тазйиқ медиҳад. Эҳтимол сабаб дар уҳдадориҳои зиёдатон аст, ки барои шумо бори гарон гаштааст. Дар муносибатҳои ошиқона бовариву эътимодро аз даст додаед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар давоми рӯз мушкилотеро, ки муддати мадид ба зиндагиятон халал мерасониданд, рафъ намуда метавонед. Ба дастгириву кумаки дӯстону ҳамкорон умед баста метавонед. Баъзе зодагони мучали саратон кори хубу сердаромад пайдо мекунанд. Агар нияти ба назди машшота ё сартарош рафтанро дошта бошед, рӯзи мусоидро аз даст надиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи чандон бобарор нест. Ҳодисаҳои зиёде ба саратон меояд, вале роҳи ҳаллашро пайдо карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ даромади пулӣ ва ҳамкории судманд имконпазир аст. Мушкилиҳои оилавӣ нерӯву асабатонро хароб месозанд. Қабл аз хоб сайругашт карданатон судманд аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин ҳафта аз пештара бештар ба мушкилиҳои худ саргардон мешавед, вале ба ҷои он ки роҳи ҳалро пайдо намоед, дар олами хаёлоти худ сайр мекунед. Аз ҳақиқат гурехтан роҳи халосӣ нест. Тақдир ба шумо барои аз буҳрон берун шудану рафъ намудани мушкилоти молиявӣ имкон фароҳам меорад. Бештар дар робита бошед, хоксории сохтаро аз худ дур созед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз робита, сафар ва вохӯриҳои кориву ошиқона аст. Шумо дар маркази ҳодисаҳо қарор мегиред. Бо шарофати пешниҳодҳои ҷолиб ва табъи болида диққати роҳбарият ва шарикони кориро ҷалб месозед. Нафароне, ки ба сафарҳои корӣ мебароянд, дучори душвориҳо мегарданд. Эҳтимоли вайрон шудани мошину сар задани мушкилӣ бо ҳуҷҷатҳо дар назар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст. Мушкилиҳоро бо душворӣ ва асабоният рафъ месозед. Мунтазам эътимод ба худро аз даст медиҳед, ба назаратон чунин менамояд, ки ба касе даркор нестед. Дар тамоми мушкилиҳои ба саратон омада худро гунаҳкор насозед. Шумо ба истироҳат ниёз доред. Дар ин рӯз сафарро ба нақша нагиред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нерӯятон аз ҳад зиёд мегардад, вале аз субҳи содик бо атрофиён забон ёфта наметавонед. Бо сабаби эҳсосоти худро идора карда натавонистан ва қабеҳгуфторӣ сабабгори муноқиша бо ҳамкорон ва наздикон мегардед. Танҳо бо шарофати зиракӣ ва кордонӣ аз тамоми ҳодисаҳои ба саратон омада берун шуда метавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҷодаи касбу кор агар муваффақ шудан хоҳед, ба чизҳои майда-чӯйда диққат диҳед. Дар ин рӯз зодагони мучали ҷаддӣ ба ғамхориву дастгирӣ ниёз доранд. Дар ҷодаи муҳаббат хафагиву ранҷишро фаромӯш созед. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи муҳаббат тағйироте рух медиҳанд, ки барои шумо комилан ногаҳонӣ ҳастанд. Нофаҳмиву иттилои нодуруст имконпазир аст, бо корҳои куҳна машғул нашавед. Аз ҷониби бадхоҳон хатоиву ғалат имкон дорад. Хобҳоятон таъбири баръакс доранд. Дар давоми рӯз ҳам даромади пулӣ имкон дораду ҳам хароҷот.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз фиребу найранг эҳтиёт шавед. Бодиққат бошед, аз ғайбату бадгӯӣ дурӣ ҷӯед. Аз робита бо нафарони худхоҳ ва бадқаҳр худдорӣ намоед. Сари ягон қарори муҳим наоед, дар баҳсу мунозира ширкат наварзед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ имконпазир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *