толеънома

Толеъномаи 8-уми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромўш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рў, дар фикри ҷустуҷўи сарчашмаҳои даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфањои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.

Асад (23 июл-23 август)

Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳои танҳоро шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рўятон механдад, кўшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёд сабаби бадгўию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ўро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз шонси аҷибе пайдо мешавад, агар ақлатонро кор фармоед, ба қуллаҳои баланди муваффақият мерасед. Шахсе, ки ӯро дўст мешуморидед, бо мақсади ишғол намудани вазифаатон шуморо назди роҳбарият шармсор кардан мехоҳад, вале тираш хок мехӯрад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *