Тошканд намояндагони парлумонҳои оламро ба ҳам овард
Аз 5 то 9 апрели соли равон шаҳри Тошканд мизбонии ҷашни Ассамблеяи 150-уми Иттифоқи байнипурламентиро бар дӯш дорад. Гуфта мешавад, дар рӯзҳои якум ва дуюми кори Ассамблея вохӯриҳо ва суҳбатҳои пурсамари раисони байнипарлумонҳо барпо гардиданд.
7 апрел дар ҷашни Ассамблея, ки таҳти унвони «Амали парлумон барои рушди иҷтимоӣ ва адолат» баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кард.
-Ман бо хушнудии бузург ҳайатҳои бонуфузеро, ки аз тамоми қитъаҳои ҷаҳон барои иштирок дар Ассамблеяи 150-солагии Иттиҳоди байнипарламентӣ ба Ӯзбекистон омадаанд, истиқбол мекунам. Анҷумани Иттиҳод, ки 181 порлумони миллӣ ва 15 иттиҳодияи минтақавиро муттаҳид мекунад, барои нахустин бор дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Мо аз он фахр мекунем, ки ин форум дар пойтахти зебои мо — шаҳри Тошканд мегузарад,-гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай афзуд, ки рисолати наҷиби намояндагони парлумонҳо то чӣ андоза масъулиятнок аст, ки ба хотири амнтар шудани ҷаҳон ва шукуфоии ҷомеаҳо пешбинӣ шудааст. Инчунин онҳо мисли пуле ҳастанд, ки дӯстии халқҳоро мустаҳкам мепайвандад.

Шавкат Мирзиёев дар идома онҳоро нерӯи тавоное арзёбӣ кард, ки қодиранд нигарониҳо ва мушкилоти мардумро рафъ созанд ва дар ҳолати зарурӣ онро ба сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ боло бардоранд, роҳҳои ҳалли муассирро пайдо кунанд.
– Пӯшида нест, ки солҳои охир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон низоъҳои мусаллаҳона, офатҳои экологӣ ва техногенӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҷангҳои тиҷоратӣ, таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ афзоиш ёфтааст. Дар чунин вазъияти ниҳоят мураккаб худи замон талаб мекунад, ки парламентҳо иштирок ва таъсири худро дар масъалаи муҳофизати сулҳ, таъмини тараққиёти иҷтимоӣ ва адолат пурзӯр кунанд,-изҳор намуд Президент Мирзиёев.
Вай боз таъкид варзид, ки саҳми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар субот ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар мақоми нозири доимии Иттиҳодияи Аврупо дар Созмони Милали Муттаҳид инъикос ёфтааст. Дар форуми имрӯза беш аз 2000 нафар аз қариб 140 кишвари ҷаҳон иштирок доранд, ки инро равшан тасдиқ мекунад.
Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар 30 соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон 4,5 баробар афзудааст. Аммо, мутаассифона, даромади камбизоатон амалан бетағйир мондааст. Агар ин раванд идома ёбад, то соли 2030 дар ҷаҳон 575 миллион нафар дар фақр ба сар мебаранд, 84 миллион кӯдак аз таҳсил маҳрум хоҳанд шуд.
Дар Ассамблеяи ҷашнии 150-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ Раиси парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ширкат дорад. Ӯро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо дар робита бо тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Ассамблеяи ҷашниии 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ то 9 апрел идома хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ