Тоҷикистон аз содироти пахта ба маҳсулоти тайёр мегузарад
Тоҷикистон, ки дар соҳаи пахтакорӣ имкониятҳои фаровон дорад, ҳоло талош дорад содироти нахи хомро қатъ ва ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир гузарад.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии нассоҷии Душанбе изҳор дошт:
“Вазифаи мо на танҳо нигоҳ доштани анъанаҳои муқарраршуда, балки ба таври назаррас таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ барои таъмини гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти босифати нассоҷии рақобатпазир мебошад”.
Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизот, маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадаф аз ин форум ва намоишгоҳ, ки бори аввал баргузор шуд, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ