Тоҷикистон соли оянда дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон иштирок мекунад

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025, ки дар Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Намоишгоҳи мазкур аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025  таҳти шиори “Ташкили ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо” баргузор мегардад.

Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон» ба тавсиб расидааст.

«Бо ин мақсад дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис дода шавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли амалии масъалаҳои ташкилии Намоишгоҳи мазкур дар муддати як моҳ Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис диҳад», – омадааст дар ин қарор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *