Тоҷикон дар парлумони Қирғизистон

4 октябр дар Қирғизистон бо иштироки 16 ҳизб интихоботи парлумонӣ доир мешавад.

Дар рӯйхатҳои ҳизбӣ 4 намояндаи тоҷони Қирғизистон низ номнавис шудаанд. Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, аз Мекенчил таҳти рақами 10 ба парлумон пешбарӣ шудааст ва шонси даст ёфтан ба курсии вакилиро дорад.

Равшанбек Собиров қаблан ҳам вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон буд.Ҳамин тавр, раиси ҳизби ҷавонони Қирғизистон Рустам Юсупов аз ҳизби Ордо зери рақами 13 вориди корзор шуда, Саидолимҷон Ҷӯраев, ки 5 соли охир вакили парлумон аз ҳизби сотсиал-демократ буд, ин навбат таҳти рақами 46 аз ҳизби Биримдик номнавис шудааст.

Ҳамчунин раиси ҷамоати тоҷикнишини Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо Аҳмадҷон Абдураҳмонов таҳти рақами 62 аз ҳизби Мекеним Қирғизистон барои курсии вакилӣ мубориза мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *