Тасс

Тренинг барои рӯзноманигорон

Аз 13 то 17 март барои намояндагони ВАО –и русзабони кишварҳои ИДМ тренинг баргузор гашт. Омӯзиши онлайнии 5 — рӯза трендҳои нави журналистика, ки бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон гузашт, рӯзноманигорони Тоҷикистон низ иштирок карданд.

Ин машғулияти омӯзишӣ, ки мавзуъҳои мухталифи журналистикаи муосирро дар бар мегирифт, бо ташаббуси Фонди русиягии грантҳои президентӣ, факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ва Агентии “ТАСС” доир гашт.

Устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, журналистони касбии Агентиии “ТАСС” давоми чанд рӯз тариқи онлайн ва офлайн ба намояндагони ВАО-и кишварҳои ИДМ нозукиҳои соҳа, аз ҷумла кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Телеграм, шеваҳои ҷалби аудитория, омода намудани маводҳои журналистии дорои сифати хуб, ҷойгиркунии дурусти реклама ва сурат дар ВАО, кор бо манбаъ, услуби нигоришу гузориш, таҳриру тасҳеҳ, сохтор ва сарлавҳаи хабар ва дигар мусъалаҳои рӯзмарраро омӯзониданд.

Инчунин, рӯзноманигорон мавзуъҳои муҳими фактчекинг (ҳақиқатсанҷӣ) дар ВАО, журналистикаи иқтисодӣ ва расонаҳои рақамиро аз худ карданд.

Дар ин курси омӯзишӣ қариб 60 шунаванда иштирок доштанд. Барномаи курс муҳиму саривақтӣ буда, вобаста ба масъалаҳои муосири ВАО –и русзабон буд. Зеро матбуоти русзабон дар қаламрави кишварҳои ИДМ имрӯз дар ҳолати мушкил дармонда, ба он норасогии мутахассисони ҳирфаӣ, ки тавони рақобат дар бозори иттилоотии ҷаҳониро дошта бошанд, ба назар мерасад.

Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Бинобар ин, ташкил ва гузаронидани чунин курсҳо иқдоми хеле муҳиму саривақтист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *