Туҳфаи МегаФон Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Душанбе
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон», тавассути ташкили вохӯриҳои сокинони пойтахт бо кайҳоннаварди рус Петр Дубров, бахшида ба 100-солагии Душанбе туҳфаи худро тақдим намуд. Меҳмонони «Академияи МегаФон» ва инчунин хонандагони мактаби Русияву Тоҷикистон ба номи Ю.А.Гагарин тавонистанд бо ҳаёт дар ҷозибаи сифр ё ба таври дигар гӯем “дар беҳавоӣ” шинос шаванд.
Петр Дубров дар байни русҳо аз рӯи давомнокии ҳузури муттасил дар Стансияи байналмилалии кайҳонӣ рекорд гузошта, он ҷо 355 шабонарӯз қарор дошт. Дар ин муддат ӯ чор маротиба ба фазои кайҳонӣ баромада, дар наворгирии филми бадеии «Вызов» иштирок намудааст.
«Замини мо аз кайҳон ҳар рӯз дар шакли гуногун ба назар мерасад. Ин манзараи аҷибест, ки шахсро дилгир карда наметавонад! ” — таассуроти худро иброз дошт Қаҳрамони Русия ба иштирокчиёни вохӯриҳо. Душанбегиҳо фаҳмиданд, ки кайҳоннавардон чӣ тавр омода карда мешаванд ва худи Пётр Дубров, ки аз рӯи ихтисос муҳандис-барномасоз аст, чӣ гуна кайҳоннавард шуда тавонист.
Аксарият ба ҳаёту будубоши кайҳоннавардон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Пётр Валерьевич нақл кард, ки чӣ тавр дар Соли нав тайёр кардани хӯриши лазиз бо моҳӣ дар коинот душвор буд, бошандагони СБК дар шароити набудани ҷозиба чӣ гуна ҳолати ҷисмонии худро нигоҳ медоранд, сайёҳони кайҳониро чй тавр пешвоз мегиранд. Кайҳоннавард бо камоли майл ба саволҳои ҳозирин посух дод ва дар охири ҳар вохӯрӣ ба муаллифони саволҳои беҳтарин аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
«Дар шарҳи ҳоли Петр Дубров технологияҳои олӣ бо талош ба баландиҳои кайҳонӣ омезиш ёфтаанд. Ин ба фалсафаи ширкати мо наздик аст, бинобар ин мо заррае ҳам шубха накардем: Пётр Валерьевич маҳз ҳамон шахсест, ки ӯро ба ҷашнвораи пойтахти Тоҷикистон даъват кардан лозим аст. Вохурӣ бо кайҳоннаварди машҳур таҷрибаи нодир аст. Итминон дорам, ки сокинони Душанбе ин туҳфаи моро пас аз солҳои зиёд бо самимият ба хотир меоранд”, — мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
Мулоқот бо Пётр Дубров дар Душанбе бо дастгирии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия доир гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ