Туркия омодааст ба Либия нерӯ фиристад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Анқара аз ҳузури зархаридони «ширкати низомии хусусии Вагнер»-и Русия дар Либия хабар дод.

«Дар мавриди ҷойгиршавии низомиён дар Либия метавон гуфт, ки «Вагнер»-и Русия одамони худро ба онҷо фиристодааст. Агар Либия аз мо низ чунин дархостро бикунад, мо ҳам низомиёни худро хоҳем фиристод», — иқтибос овардааст Би-би-сӣ аз суханони Эрдуғон.

Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Муаммар Қазофӣ дар соли 2011 дар Либия ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нерӯҳои «Артиши миллии Либия»-и генерал Халифа Ҳафтар пойтахт — шаҳри Триполиро ба муҳосира гирифтаанд, ки дар дасти Ҳукумати созиши миллии аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда қарор дорад.

Ба гуфтаи чандин манбаи муътамад, ҷангиёни ширкати хусусии низомии Русия — «Вагнер» ба ҷонибдорӣ аз генерал Ҳафтар меҷанганд. Русия иштироки худро дар ҷанги Либия рад мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.