Турсуной бо пойҳояш сӯзаниву шероза ва рӯймол медӯзад (Видео)

Турсуной Мустафоева аз шаҳри Панҷакент, ки ҳарду дасташ оҷизанд, бо пойҳояш сӯзанӣ, шероза ва рӯймол медӯзад, чашму абрӯяшро қалам мекашад, нохунҳояшро рангубор мекунад ва бо пой ҳатто пулти телевизорро идора мекунад.

Дар шаҳри Панҷакент зане зиндагӣ мекунад, ки бо вуҷуди оҷиз будани дастон тавонистааст худро ба ҳаёти бидуни даст созгор кунад ва бо амалҳои боварнокарданиаш ҳамаро тасхир намудааст.

Зиндагии Турсуной Мустафоева аз дигар занҳо тафовут дорад. Ҳунари нотакрори Мустафоева ӯро машҳур гардонидааст. Яъне Турсуной бо ангуштони пояш кашидадӯзӣ, шероза (ҷиҳак), рӯймолча медӯзад.

Турсуной Мустафоева 12-уми август соли 1980 дар деҳаи Саври ҷамоати Қӯштеппа (имрӯзаҷамоати Халифа Ҳасан)- и шаҳри Панҷакент дида ба олами ҳастӣ мекушояд. Аз байни 3 нафар хоҳарон ба Турсуной чунин тақдири талх насиб мегардад. Пас аз он ки тирамоҳи соли 1999, хонаинтернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфт, Турсунойро ба ин даргоҳмеоранд. Ӯро дар хонаинтернат нигоҳубин мекунанд ва ҳаминҷоро Турсуной сарпаноҳи худ қабул мекунад. Ба гуфти кормандони хонаинтернат, Турсуной ҳанӯз дар синни 3солагӣ ба бемории фалаҷи майнаи саргирифтор шуда, маъюб ва ба кӯмак мӯҳтоҷмегардад.

Тавре кормандони хонаинтернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент мегӯянд, Турсуной бисёр кинову консерт тамошо мекунад ва вақте мехоҳад дигар шабака ва ё дигар қисмати филмеро тамошо кунад, тугмачаҳои дастгоҳи идора (пулт)-и телевизор ё DVD-ро бо ангуштони пояш пахш ва идора намуда, талаботашро қонеъ мегардонад. Дар баробари ин ба чашму абрўяш қалам мекашад, нохуну дасту пояшро рангубор мекунад, худашро оро медиҳад ва ҳамаи ин амалҳоро на бо дастони бемору ногирояш, балки бо пойҳояш, ки онҳо ҳам бар асари беморӣ заифанд,анҷом медиҳад. 

Дар масъалаи дўстиву рафоқат ва вафодорӣ, Турсуной, ба гуфтаи кормандони хона интернат, дӯстимушфиқ низ будааст.

Боре яке аз беморони хонаинтернатро, ки Саша ном дошта, чанд сол дар ин макон истиқомат кард, барои табобат ба пойтахт мебаранд. Турсуной, ки бо Саша унс гирифта, дӯсти наздик шуда буд, аз паси Саша гиря карда, ҳатто чанд рўз дилмонда шуда ва даст ба хўрок набурдааст.

2 сол қабл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, аз биноҳои баландошёна ба ин зан як манзили 2-хонагӣ тӯҳфа карда буд. Қариб 1 сол мешавад, ки Турсуной дар ин ҳуҷрае ки барояш тӯҳфа карданд, зиндагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол бузурге мефармояд:

Худованд зи ҳикмат бубандад даре,

Зи раҳмат кушояд дари дигаре!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *