Ура: Гази Узбекистон меояд

Душанбе ва Тошканд масъалаи азсаргирии интиқоли дигарбораи гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар даври дувуми музокирот дар шаҳри Тошканд, ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ, ҳудуди 150 доллар пардохт кунад. Интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар авоили соли 2012 қатъ шуда буд.

Олимҷон Раҳимов, сармуҳосиби ширкати «Тоҷиктрансгаз» рӯзи 7-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то охири моҳи ҷорӣ арзиши пешниҳодшудаи ҷониби Узбакистонро баррасӣ намуда ва сипас ниёзҳои ширкату корхонаҳои саноатии кишвар ба гази табии воридотӣ аз он кишварро муайян кунад.

Ба гуфтаи Олимҷон Раҳимов, ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар сурати мувофиқати ҷониби Душанбе ба ин қимат ва ҳаҷми гази воридотӣ, дар моҳи декабр ҷонибҳо метавонанд дар Тошканд ин созишномаро имзо кунанд.

Қаблан мақомоти ин ширкат гуфта буданд, ки дар марҳилаи аввал барои бароварда сохтани ниёзҳои корхонаҳои саноатӣ солона аз 350 то 800 миллион метри мукааб гази табиӣ аз Узбакистон метавонанд харидорӣ кунанд.

Нархи осмонии газ дар гузашта

Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газ дар як солро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои як метри мукааб мефурӯхт.

То соли 2012 Узбакистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард. Дар ниҳоят, Узбакистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад.

Чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки ба шеваи изтирорӣ ва сареъ фаъолияти корхонаҳои бо гази табиӣ фаъолиятдоштаро ба истифодаи ангишт табдил диҳад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминийи Тоҷикистон “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифода аз таҷҳизоти ангишт гузаштанд.

Дар солҳои гузашта давлати Тоҷикистон борҳо талош кард, ки мавзӯи азсаргии воридоти гази табиӣ аз Узбакистонро бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, вале раҳбарияти вақти Тошканд дар аҳди президент Ислом Каримов пайваста ба чунин пешниҳод посухи рад медод.

Аммо баъд аз даргузашти Ислом Каримов дар аввали моҳи сентябри соли 2016, раҳбарияи нави Узбакистон эълон кард, ки мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстонаро барқарор созад.

Бознашр аз «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *