Узр мехоҳам, Рамазон Абдулатипов…

… Боре дар суҳбати рӯ ба рӯ бо собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон  Рамазон Абдулатипов баъд аз хотимаи мусоҳиба чунин муколамае сурат гирифт:

— Ту магар то ҳол шаҳрвандӣ нагирифтаӣ?

— Ман шаҳрванд, шаҳрванди Тоҷикистон ва корманди “Тоҷикистон” (он вақт танҳо хабарнигор будам)…

— Не, ман дар назар дорам шаҳрвандии Русияро. Охир, ту ҳамчун иштирокчии ҷанги Афғонистон ва дорандаи мукофотҳои замони шӯравӣ имтиёз дорӣ. Биё, ҳозир як ариза навис, ман дастгирӣ мекунам..

— Ташаккур, Рамазон Ҳоҷимуродович, фикр карда мебинам…

Ин гуфтугузор соли 2008 дар сафоратхонаи Русия воқеъ гардида буд ва ман то ҳол “фикр карда истодаам”. Зеро ягон вақт, ягон давру замон дар гӯшаи хаёлам ҳам наметавонам роҳ диҳам, ки ман аз Тоҷикистонҳоям ҷудо бошам. Зеро “Тоҷикистон”-и ман дар ҳамин ҷост. “Тоҷикистон”-е, ки ҳарчанд ҳар соату ҳар лаҳза аз он ёд мекунаму бо он мефахрам. Ин шиор нест, ин барои ман воқеият аст. Бале, мегӯянд, ки Тоҷикистон кишварест, ки зиндагӣ дар он ҷо душвор аст ва мушкилоти зиёде дораду “Ватан ҷоест, ки озораш набошад…”. Бигзор озораш ҳам бошад, таҳаммул мекунам. Хоса, вақте ки дар ин ҷо “Тоҷикистон”-и дигаре дорам ва қисмате аз умрамро ба он бахшидааму мехостам мардуми ман аз тариқи нашрияам кишвари худро чун дар оина бинанду ба пешрафти он баҳо диҳанд ва ба камбудиҳояш расидагӣ кунанд.

Ҳоло дар бораи “Тоҷикистон”-и худ чанд гуфтание дорам. Нашрияи мо зодаи Истиқлол аст ва маҳз бо ташаббуси, агар гуфтаҳои устод Айниро андаке дигартар карда гӯем, “шогирдони чилсолаи Истиқлол” рӯи об омадааст. Маҳз ин мардони маорифпарвару фарҳангдӯстдор ва маҳз ҳамин шахсони миллатдӯст, аз қабили роҳбару созмондеҳи он Шариф Ҳамдампур дар кишвар чунин нашрияе пайдо шуд, ки новобаста аз вазъу новобаста аз камию костиҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ чунин нашрияро ба миллати худ туҳфа карданд.

Тӯли 19 соле, ки дар “Тоҷикистон” фаъолият доштам, борҳо шоҳиди он гаштаам, ки кормандони он, роҳбарияти он барои дарёфти воқеият ва барои исботи ҳақиқат бо дигарон дастбагиребон шудаанду аммо даричаи ҳақиқатро набастаанд.

Аз канор баҳо додан ба кори кормандони “Тоҷикистон” душвор аст ва барои дарки заҳмати онҳо бояд дар деги онҳо ҷӯшид. Хонандаи доимии “Тоҷикистон” медонад, ки агар дар кишвар ва ё берун аз он ҳодисаи муҳиме рӯй дод ва сари он андешаҳо мухталифанд, воқеиятро бояд аз “Тоҷикистон” ҷуст. Зеро ин нашрия танҳо ба ҳақиқат ва воқеият такя мекунад ва новобаста ба мавқеъгирии дигарон, ҳолати корро бо буду шудаш ба хонандаи худ мерасонад. Мушкил аст ва  инро ман дар пусти худ санҷидаам. Дар як муддате, ки муаллифи ин сатрҳо муҳарририи нашрияро ба дӯш дошт, бо судҳо ҳам кашталканӣ доштаму аз мақомоти болоӣ ҳам сипоснома барои ягон мақола ва навиштае гирифтаам. Ба сарам ҳуҷум ҳам карданду барои нашри мақола ва ё хабари воқеъбинона мукофот ҳам додаанд. Хулоса, зиндагиномаи ҳаррӯзаи рӯзноманигорро пурра дар “Тоҷикистон” аз сар гузаронидаам. Аммо, хушбахтона, боре ҳам нашудааст, ки хонанадаро ба гумроҳӣ бурда бошам. Зеро табиати “Тоҷикистон” чунин буду ҳаст.

Як хислати дигари “Тоҷикистон” аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ва ин хислати нашрияро аксари қаламкашони кишвар медонанд, тарбияи мутахассисони соҳа буду ҳаст. Дар нашрия одатан ҷавонони навкор ба кор меомаданду баъди зери назари журналистони соҳибтаҷриба “парончак” шудан онро тарк мекарданд, то ки ягон нашрияи дигареро обод кунанд. Яъне, “Тоҷикистон” манбаи тайёр намудани кадрҳои соҳибкасб ҳам ҳаст, инро ҳамкасбони мо, ки ҳоло дар дигар нашрияҳо фаъолият доранд, эътироф мекунанд. Ин кори савоб имрӯз ба як анъанаи ҳафтанома табдил ёфтааст ва бошад, ки онро давом диҳанд.

Дар бораи таърихи “Тоҷикистон” дигар чизе гуфтанӣ нестам ва инро муҳаррирони қабл аз банда сари кор буда беҳтару хубтар медонанд ва умедворам, ки минбаъд хоҳанд гуфт, аммо як чиз бароям муҳим аст. Солҳои фаъолият дар нашрияро солҳои тиллоии умри қариб ҳафтодсолаи худ медонам. Зеро “Тоҷикистон” бароям нон дод, ном дод ва он чӣ дар зиндагӣ мехостам, бароварда кард. Тавре, як замоне зери унвони нашрия менавиштем, ““Тоҷикистон” аз манӣ” . Бо ҳамаи дастоварду камбудиҳояш, бо ҳамаи навиштаю нонавиштаҳояш, бо ҳамаи он чӣ ҳаст, аз ман буду ҳаст ва то ҳол ҳар субҳи панҷшанбе аввал саҳифаи онро боз мекунам. Солҳо мегузаранд, муҳаррирон иваз мешаванд, кормандон дигар мешаванд, “парончакҳо” мепаранду мераванд, вале “Тоҷикистон”-и ман мемонад ва рисолати худро идома медиҳад. Рисолати он бошад, ба хонанда расонидани андешаи солим, ахбори дақиқ ва ҳақиқати зиндагӣ аст…

Узр мехоҳам, Рамазон Ҳоҷимуродович, аммо ман ҳаргиз тарки Тоҷикистону “Тоҷикистон”-и худ карданӣ нестам ва то охирин нафас бо ин Ватан хоҳам монд.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман.

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

А. АҲМАДЗОДА, собиқ муҳаррири “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.